Шоири донишманд ва донишманди шоир

Навиштаи ҳеч шоире миёни ҷомеа ба ҳадди навиштаву мусоҳибаҳои Зиё Абдулло баҳсбарангез набуд. Вай он чизеро мегуфт, ки дигарон наметавонистанд бигӯянд ё метавонистанду намегуфтанд. Ва суҳбатҳояш аз таърихи фалсафаву шеъру сиёсат ва дину оин, муллову олим баҳсҳои доманадореро дар матбуоти муосир ба бор овардааст. Интихоби сарлавҳаи ин навиштор низ аз матбуот аст. Аниқтараш сарлавҳа моли Ҷ.Сафарзода аст, ки соли 2010 дар Нури зиндагӣ чоп шудааст. Шоири маъруф 10 декабр ба синни мубораки 70 доромад.

Зиё Абдулло Зиё Абдулло (Абдуллоев Зиёдулло) 10 ноябри соли 1948 дар деҳаи Хишткўпруки ноҳияи Қубодиён зода шуда, шаҳодатномаи маълумоти миёнаро соли 1966 дар ҳамон ҷой гирифтааст.    Маълумоти олии омўзгориро соли 1971 дар Душанбе соҳиб шудааст.           

Солҳои 1971-1976 муаллими мактабҳои зодгоҳаш будааст. Дар ин миён соле хизмати аскарӣ карда, солҳои 1976-1977 дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1977-1983 дар маҷаллаи «Садои Шарқ», 1983-1991 дар Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, 1991-2007, дар рўзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият намудааст. Ду сол (1989-1990) дар рухсатии озоди эҷодӣ будааст. Аз соли 2007 корманди нашриёти «Адиб» аст.                                                  Офаридаҳояш аз соли 1970 дар васоити ахбори умум ва маҷмўаҳои дастҷамъии «Шоир» (Мадрас, 1982), «Литературная газета» (Маскав, 1984), «Истоки» (Маскав, 1986), «Сузирия» (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ўзбекӣ, туркманӣ тарҷума шуда ва дар нашрияву маҷаллаҳои гуногуни Эрону Афғонистон чоп шудаанд.                                      Соли 1982 дар Конфронси адибони ҷавони шўравӣ (Лвов), соли 1984 дар Машварати адибони ҷавони шўравӣ (Маскав) иштирок кардааст. Дар ин машварат китоби ашъорашро барои чоп дар Маскав пешниҳод кардаанд, ки соли 1988 бо номи «Единою болью» (Нашриёти «Молодая гвардия») ба табъ расидааст. Соли 1986 дар Душанбе, соли 1988 дар Маскав дар Симпозиуми адибони ҷавони мамлакатҳои сотсиалистӣ иштирок ва суханронӣ кардааст.

 Гулчини ашъору достонҳояш дар авроқи маҷмўаҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Фурўғ» (1990), «Тысяча родников» (дар ҳаммуаллифӣ; Маскав, 1998), «Лоластон» (се достон, 2003), «Лонаи урёни арвоҳ» (Романи манзум, 2003), «Бодгиреҳ» (2006) ва «Ҷоми Симурғ» (2008) ба чоп расидаанд.

 Достони «Коргар»-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар алоҳидагӣ (1989) чоп шудааст. Маллифи ҳафт достони устуравӣ-таърихӣ-фалсафӣ – «Коргар» (1979-1984), «Фариштаҳои орзу» (1983-1988), «Дар ҳошияи мухаммаси «Зери теғ»-и Мушфиқӣ» (1984-1989), «Лоластон» (1996), «Таҷовузи нур» (1997), «Аноҳиди пиндор» (2002) ва «Гули нур» (2011) мебошад.

Ашъори алоҳидаи Р. Бёрнс, В. Маяковский, П. Неруда, А. Нетто, Момансоно, В. Коротич, Е. Евтушенко, Д. Сэдэв, китоби шоири русизабони белорус Юрий Сапожков «Нуқтаи бебозгашт» ва чанд шоири дигари белорус, украин, ўзбек, туркман ва ғ., пйесаи «Суқрот ва…»-и Э. Радзинский, рисолаи Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онон барои озодии Ватан» (ҳамроҳи И. Қосимзода)-ро тарҷума ва ҳамагонӣ кардааст.     

Силсилаи мақолаҳои илмии иҷтимоӣ ва фалсафияш мўҷиби баҳсу муҳокимарониҳои хосу ом гардидаанд.                                                                             Чордаҳ суҳбати иҷтимоӣ-илмиаш бо чордаҳ олими намоёни ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидаанд.          

Бо Ифтихорномаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), медали «Хизмати шоиста» (1998) ва Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон мукофотонида шудааст. 

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». – Душанбе: Адиб. – 2014. – С. 19.

Аз Зиё Абдулло ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолиб қобили дарёфт ва мутолиа аст:

ОСОР:

Кафи хок. – Душанбе: Ирфон. – 1982. – 46 с.

Дарё. – Душанбе: Ирфон. – 1985. – 128 с.

Единою болью. – Москва: Молодая гвардия. – 1988. – 44 с.

Лонаи урёни арвоҳ. – Душанбе: Ирфон. – 2003. – 128 с.

Ҷоми Симурғ. – Душанбе: Адиб. – 2008. – 248 с.

Ватан: Шеър // Маориф ва маданият. – 1970. – 24 декабр.

Умед; Тифли ман ё шеъри ман: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 25 июл.

Духтари лол: Шеър // Маориф ва маданият. – 1977. – 17 сентябр.

Ишқи ман: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 6 август.

Деҳқон: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1978. – 22 октябр.

Замин: Шеър // Садои Шарқ. – 1980. – №1. – С. 75.

Наврўз: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 21 март.

Таронаи ҷавонӣ: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1982. – 23 май.

Теғи замон: Порча аз достони «Дар ҳошияи «Қасидаи зери теғ»-и А. Мушфиқӣ» // Комсомоли Тоҷикистон. – 1985. – 1 май.

Ҳама интизор: Шеър // Коммунисти Исфара. – 1987. – 1 январ.

Гули боғи падар: Шеър // Роҳи ленинӣ. – 1987. – 23 июл.

Ниҳолон дўст медоранд: Назм // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 март.

Наврўзнома: Шеър // Тоҷикистон. – 1994. – 18 март.

Ғазали дасти савум: Шеър // Ҷумҳурият. – 1996. – 21 декабр.

Лоластон: Шеърҳо аз силсила // Ҷумҳурият. – 1997. – 18 апрел.

Рўзи рўидан: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2000. – 20 январ.

Соли нав фархунда бод: Шеър // Ҷумҳурият. – 2005. – 1 январ.

Лутф: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 21 апрел.

Чакомаи худшиносӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 30 август.

Ғазалҳо // Ҷумҳурият. – 2008. – 25 декабр.

Гули нур: Порча аз достон // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 11 феврал.

Парад кўи дастат фарози баҳор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2011. – 3 ноябр.

Ватани баҳор гул кард: Шеър // Ҷумҳурият. – 2012. – 21 март.

Гирди гули меҳр: Таронаҳо // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 20 январ.

Ялдо ва Хуршед: Назм // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 14 апрел.

Аз ҷон ба хирад назора дорӣ…: Назм // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 28 сентябр.

Дар бораи шоир:

Зиё Абдулло – пештози сухан // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2008. – 4 декабр.

Раҳмон, Ш. Зиё Абдулло ва равшангароӣ: Оиди кору фаъолияти шоир // Миллат. – 2008. – 25 декабр.

Сафарзода, Ҷ. Шоири донишманд ва донишманди шоир: Эҷодиёти шоир // Нури зиндагӣ. – 2010. – 25 феврал.

Таҳияи  Ҳусния  Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ