Маърўзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад

 

  Дар муқаддимаи китб мехонем: Соли  2019  ду  санаи  муҳим  - 25  солагии  қабули   Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  30 -  солагии  қабули  Конвенсияи СММ  дар  бораи  ҳуқуқҳои   кўдак   ҷашн  гирифта  шуд.  Санадҳои   мазкур, ки  муносибатро  нисбат  ба арзишҳои   муҳими   ҳаёти  ҷомеа  -  инсон,  ҳуқуқ  ва  озодиҳои   ў  ба  қуллӣ  тағир  дода,  заминаи  муҳими  ҳуқуқии   инсонро  гузоштанд, дар  ҳифз  ва  пешбурди  ҳуқуқҳои  кўдак   нақши  муҳим бозиданд.

Дар  ин  давра  ҷиҳати  таъмини  манфиатҳои  беҳтарини  кўдакон, ташкили   шароити  мусоид  барои  инкишофи  ҳамаҷонибаи  онҳо,  ҳифзи  ҳуқуқ   ва  озодиҳои  кўдакон, ки аз  ҳадафҳои   муҳими  сиёсати  давлат  ба  шумор мераванд  ва  бо  мақсади  таъмини   уҳдадориҳои  байналмилалии   ҷумҳурӣ  дар  ин  самт   тадбирҳои   дахлдор   андешида  шуданд.

Барои   расидан  ба  ин ҳадафҳо  амалигардонии  Стратегияи   миллии  рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  давраи  то соли  2030, Барномаи  миёнамуҳлати  рушди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2016 - 2020 ва  як  қатор  ҳуҷатҳои  барномавии  дигар  мусоидат  намудаанд.

Соли  2019 дар  натиҷаи  амалӣ  гардонидани  иқдоми  наҷибона ва  сиёсати  инсондўстонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон  84 - нафар  кўдакон  -шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз  Ироқ ба  Ватан  баргардонида,  мавриди  ғамхории   ҳамаҷониба   қарор  дода  шуда  шуданд.

Китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд ва касоне, ки дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва талошҳои Ҳукумати ҶТ ҷиҳати ҳифзи атфол мехоҳанд зиёдтар донанд, метавонанд онро мутолиа намоянд.

Меҳрангез    Муҳаббатова,

Маркази такмили ихтисос.