Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти яксолаи худро дар шакли китоби алоҳида интишор дод.
Дар ин китоб натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва нашрии Пажўҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳо ва раванди татбиқи воқеии мавзўъ ва лоиҳаҳои илмӣ хулоса шудааст.
Соли 2016 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ ва хотирмон маҳсуб ёфта, аз бисёр ҷиҳат баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи фарҳангу санъат шароит муҳайё гардид. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаву ҷашнвораҳои миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ баргузор гардиданд. Муассисаҳои нави фарҳангиву фароғатбунёду азнавсозӣ шуданд.
Дар ин радиф ходимони илмии ПИТФИ дар соли 2016 пажўҳиши илмиро бо дарназардошти ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии соҳаи фарҳангу ҳунар, тибқи талаботи мавзўъҳои илмии «Таҳқиқи равандҳои инноватсионии соҳаҳои фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» (2016-2020), «Равандҳои иноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттлоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (2016-2020), «Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддиӣ дар кишвар» (2016-2020), роҳандозӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои «Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии захираҳои иттилоотии ҳуҷҷатишудаи халқи тоҷик» (барои солҳои 2014-2016) ва «Созмондиҳии бойгонии иттилоотии-илмӣ дар соҳаи китобдорӣ» (2016-2018) саҳм гирифтанд.
Дар китоби мазкур фаъолияти ҳар як шуъбаи ПИТФИ бо дарназардошти раванди татбиқи мавзўъҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, иҷрои нақшаҳои илмӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар поении китоб рўйхати алоҳида, сипас рўйхати мақолаҳои дар нашрияҳои илмӣ ба табъ расида, номнавис шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби ПИТФИ доир ба қазияҳои фарҳанг ва дигар масоили мубрами иҷтимоӣ дар матбуоти даврӣ беш аз 150 мақолаи публитсистӣ интишор ёфтаас, ки дар ин китоб шомил нагардидаан.
Маводи дар китоб воридшуда метавонад барои омўзиши масоили марбут ба фаъолияти ПИТФИ ба мутахассисону муҳаққиқони соҳа кўмак расонад.
Китоби “Фарҳанги миллӣ дар ҷустҷўйҳои илмӣ” дар нашриёти “Аржанг” чоп шуд. Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода буда, муҳаррир Д. Раҳимов мебошад.
Юлчибой Мўсоев,
корманди Маркази
такмили ихтисоси
Китобхонаи миллӣ