Бузургдошти Ҳаким Абуалӣ ибни Сино. Як пора аз китоби Сотим Улуғзода “Пири ҳакимони Машриқзамин

Тоҷикписари  замоне дар деҳи Афшанаи вилояти Бухоро ба дунё омадаро номи ҷовидонӣ ва шўҳрати ҷаҳонӣ насиб гардид. Дар ҳамаи мамлакатҳои мутамаддини олам ҳазорумин соли валодати ўро бо тантана қайд мекунанд. Маросими ёдбуди ў ҷашни илму дониш аст. Абуалӣ ибни Сино даҳ аср пеш дар ҳукмронии тассуботи мазҳабӣ ва эътиқодоти хурофӣ парчами ақл, илм ва ҳикматро барафрошт. Дар шароите, ки ҳаёти инсон назди ҳукумдорон, мустабидон, зўроварони феодалӣ арзише надошт, ў чун инсониятпарвари бузург ба майдон баромада, бо  силоҳи илму дониш барои сиҳати тану ҷони одамӣ ва муҳофизати ҳаёти ў мубориза кард ва усули ин муборизаро ба оламиён таълим дод.

  Таълифоти тиббӣ ва фалсафии Ибни Сино, аз бозе ки ба вуҷуд омаданду сониян ба лотинӣ ва дигар забонҳои  аврупоӣ  тарҷума шуданд, таваҷҷўҳи хоси табибон, олимон, мутафаккирони миллатҳои гуногунро ба худ ҷалб карданд. Дар тўли асрҳо дар мамлакатҳои мутамаддини дунъё олимон дар бораи ў таҳқиқотҳо менависанд, аҳли тиб «Алқонун»-и ўро, файласуфон ва донишҷуён фалсафаи ўро, муаррихон замони ў, таърихи зиндагонӣ ва фаъолияти илмии ўро, олимони наботот, ҷамодот, физикҳо, биологҳо, геологҳо табииёти ўро, филологҳо луғат ва эҷодиёти бадеии ўро меомўзанд. Дар ҳамаи замонҳо ҳар як ғаввоси илму дониш ҳар бор, ки дар баҳри ҳикмати Ибни Сино ғўта мезад, бе гавҳари донише берун намеомад.

Бо ин ҳама, оўзиши мероси бузурги илмии ў ҳанўз тамом нашудааст, омўзиш  давом дорад. Абуалӣ ибни Сино ва ҳамзамони вай – олими кабири риёзиёт, илми ҳайат, илми ҷамодот ва таърихи

маданият Абурайҳони Берунии хоразмӣ  муқаддамони уламои асри худ буда, ба қавли шарқшинос ва муаррихи маъруфи советӣ А.Ю.Якубовский, дар он замон дар дунъё аз ин ду шахс бузургтар донишманде набудааст.

  «Алқонун фит-тиб» (Қонуни илми табобат) ҷамъбасти инкишофи илми тиб буд то замони Ибни Сино. Ин китоби панҷҷилдаи машҳури ҷаҳон тибби қадимаи Мовароуннаҳр, Эрон, Юнону Рум, Ҳиндро бо мушоҳидот ва таҷрибиёти худи Ибни Сино бойтар гардонида хулоса  менамояд. Агарчи то Ибни Сино классикҳои тибби антиқ Буқрот (Гиппократ), Ҷолинус (Гален), китоби сиҷилдаи  Абўбакри Розӣ ва дигарон мавҷуд буданд, лекин «Алқонун» бо тўлонӣ набудану дар айни ҳол мукаммал ва мураттаб будан, бо равшании баён ва истифодабоб будани худ, ҳам бо чизҳои наве, ки Ибни Сино ба ин илм дароварда буд, дар машриқу мағриб аз ҳамаи китобҳои тиббии мавҷуда авло дониста шуд. Бесабаб нест, ки вай ҳанўз дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума карда шуд ва пас аз ихтирои дастгоҳи чопӣ китоби дуюме, ки баъди «Таврот» ба табъ расид, ҳамин «Алқонун» буд. Аз асри XII то XVII  дар дорулфунунҳои Аврупо тиббро аз рўи «Алқонун» меомўхтанд.

Фалсафа бошад, дар асрҳои миёна илми илмҳо ҳисоб меёфт, ҳамаи илмҳои ақлию нақлиро дар бар мегирифт, аз ин рў фалсафаи Ибни Сино мантиқ, илоҳиёт (илмҳои мофавқуттабиа – берун аз табиат), табииёт, илми ҳайат, мусиқиро фаро мегирад. Фалсафаи ў, ки ба таълимоти Арасту (Аристотел) такя мекунад, гарчанде асосан идеалистӣ аст ва шомили тазодҳост, лекин дорои ҷиҳатҳои қавии материалистӣ мебошад. Ба гуфти В.И.Ленин «рўҳоният дар Аристотел чизи ҷоннокро кушта ва чизи беҷонро абадӣ  гардонида» буд. Ибни Сино нуқтаҳои прогрессивии таълимоти Арастуро таблиғ менамояд, вай ба ҳодисаҳои олами коиноту мавҷудот қатъиян аз назари мантиқ нигоҳ кардан, дар шарҳу баёни онҳо ба далелу исботи ақлонӣ такя намуданро талаб мекунад, ҷаҳонро, материя (модда )-ро офариданашуда ва абадмавҷуд медонад, қисмати азалӣ, пешгўиҳои нуҷумӣ, таъсири сайёраҳоро ба тақдиру ҳаёти инсон инкор менамояд, ба эътиқодоти динӣ дониши ба таҷрибаю далелҳои мантиқӣ асосёфтаро муқобил мегузорад. Ин системаи фалсафаи ў бар зидди хурофот ва мавҳумот, ки инсонро маҳкуми ҷаҳолат, забунӣ ва аҷзу нотавонӣ мегардонанд, нигаронда шудааст...

Олим ва мутафаккир аз сини ҷавонӣ ба ҳуҷумҳои арбоби дини расмӣ дучор гардид. Ин ҳуҷумҳо, тўҳматҳо, такфирҳо аз вақте ки ў мустақилона ба арсаи  фаъолияти илмӣ қадам гузошт, шурўъ шуда, то поёни умраш гиребони ўро раҳо накарданд. Ба болои ин боз фитнаҳои бахилон, фасоди рақибони нотавонбин, ки шахси боҳунару истеъдод дар ҳеҷ замоне аз онҳо халосӣ надорад, зам мешуданд. Аммо ин ҳам кам буд, ки султон Маҳмуди Ғазнавӣ, муқтадиртарин ва мутаассибтарини  ҳукмронони замон, ба таъқиби олим афтод. Аммо ба хушбахтӣ, дар натиҷаи тадбирҳои худи Ибни Сино ва ёрии дўстонаш ба ў, султон ба қасди худ ноил нашуд ва олим ба дасти вай нағалтид, вагарна монанди садҳо фозилон ва олимони дигар, ки бо тўҳмати қарматигӣ тўъмаи теғи ҷаллодони султон шуданд, кушта гардиданаш  муқаррар буд. Устод Айнӣ қисмати ўро бо қисмати ҳамзамони калонсолонаш Фирдавсии бузург  ҳаққонӣ монанд карда менависад: «Чунон ки Фирдавсӣ дар аҳди Сомониён расида, дар охири давраи онҳо «Шоҳнома» барин достони номурдании худро навишта, дар охири давраи Сомониён ба сўиқасди султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки рақиби сиёсии Сомониён буд, гирифтор омад, инчунин Абуалӣ Сино ҳам дар охири давраи Сомониён ба суиқасди Султон Маҳмуд дучор гашт.

Чунон ки Фирдавсӣ дар 80-солагии худ маҷбур буд, ки шаҳр ба шаҳр гуреза шуда гардад, инчунин Абуалӣ Сино ҳам ба ҳамаи уқубат гирифтор омад.

Чунон ки сабаби зоҳирии ҳуҷуми султон Маҳмуд ба Фирдавсӣ масъалаи динӣ буд, инчунин сабаби зоҳирии ҳуҷуми ў ба Абуалӣ ҳам ҳамон масъалаи динӣ ва ба бединӣ маҳкум гардидани Абуалист аз тарафи уламои дарбории султон Маҳмуд».

Бо ин ҳама уқубат, гурезагӣ, машақатҳои  мусофират Абуалӣ Сино тавонист қариб дусад ном ё бештар асари тиббӣ, илмӣ ва фалсафӣ нависад, ки чанде аз онҳо китобҳои бисёрҷилда мебошанд.Вай ҳақиқатан фидоии азхудгузаштае буд дар роҳи илму дониш. Дар маҷлисҳои олимони он рўзгор дар ҳар кадом масъалаи илмӣ ва фалсафӣ ҳукми Ибни Сино қатъӣ ва раднопазир буд, Олими навовар Ибни Сино бо асарҳои оригинал, маънан амиқ ва пурҳикмати худ ҳанўз дар зиндагиаш ба олитарин лақабҳои илмии Шайхурраис, Ҳуҷҷатулақ мушарраф гардид.

Алломаи илмҳо ва зуфунуни фанҳои асри худ Ибни Сино пеш аз ҳама ба халқҳои диёраш Мовароуннаҳри собиқ – ҳозира республикаҳои советии Осиёи Миёна, ба мамлакати советии мо ва аз ин гузашта ба тамоми башарият таалуқ дорад, лекин мо, тоҷикон, ба ҳақ метавонем ифтихор дошта бошем, ки вай аз байни халқи мо баромадааст. Вай бештарини асарҳои илмӣ ва фалсафии худро ба арабӣ менавишт, ки дар асрҳои миёна дар ҳамаи мамлакатҳои ба истилоҳ исломӣ забони илм буд, лекин забони модарии худи Ибни Сино форси дарӣ, тоҷикӣ буд, вай аз Бухоро гирифта то Ҳамадону Исфаҳон дар ҳама ҷо ба ин забон гуфтугў мекард, шеър мегуфт ва китоби «Донишнома»-ашро дар мантиқ, табииёт, илоҳиёт, илми ҳайат ва мусиқӣ, инчунин якчанд рисолаи дигарашро ба ин забон таълиф кардааст.

Дар соли 1952 раиси Совети сулҳи ҷаҳон, олими бузурги франсуз Фредерик Жолио Кюри дар муроҷиатномаи худ ба халқҳои дунё дар бораи гузаронидани маросими ёдоварии Виктор Ҳуго, Н.В.Гогол, Леонардо да Винчи ва Абуалӣ ибни Сино ин охиринро ҳакими муаззам, файласуф ва донишманди кабири олами Шарқ номида, қайд карда буд, ки «тамоми фаъолияти ў бар талаби ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст».

Одамӣ чунон ки зодаи табиат аст, ҳамчунин фарзанди муҳити иҷтимоӣ ва рўҳонии худ мебошад. Абуалӣ ибни Сино дар чӣ замоне зист, авзои иқтисодӣ  ва сиёсии ватани ў чӣ гуна буд, вай дар чӣ гуна муҳити иҷтимоӣ ва рўҳонӣ тарбият ёфта, илм омўхт ва олим шуд? Хизмати таърихии ў дар илм, фалсафа, тиб, адабиёт аз чӣ иборат аст?

Ин рисола – кўшише барои ҷавоб додан ба ин суолҳост.

Теҳияи Фирӯза Муҳаммадҷонова

Барчаспҳо: