Китоби сарвари Чин Си Ҷинпин бори аввал дар Тоҷикистон нашр шуд
Нашр шуд 2019-04-30 15:53
Дар аввалин рӯзи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин (25-уми апрели соли равон) ҷиҳати ширкат дар кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд - як роҳ» дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар китоби сарвари Чин Си Ҷинпин бо номи “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори “Як камарбанд – як роҳ” ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” бо забони тоҷикӣ интишор ёфт.
Гуфтанист, ки ин аввалин маҷмӯаи асарҳои мунтахаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Ҷаноби Олӣ Си Ҷинпин ба забони тоҷикӣ буда, суханрониҳои солҳои охири (аз моҳи ноябри соли 2014 то майи соли 2017) ӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои асосҳои консепсуалии сиёсати хориҷии ин кишвар, масъалаҳои татбиқи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” ва бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият фаро гирифтааст.
Китоби Раиси ҶМЧ-ро аз забони русӣ журналист, публистист, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷон Шафеъ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, мураттиб ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, Сармушовири Президенти Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи он оид ба сиёсати хориҷӣ ва равобити хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.
Маҷмӯа барои сиёсатмадорон, кормандони дипломатӣ, олимон, донишҷӯён ва доираҳои дигари хонандагон пешкаш мегардад.
Китобро метавон аз мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе дастрас намуд. Гузинаи электронии он аз ин ҷо қобили дарёфт аст.
Дарёфти китоб.