Китобе, ки ҳушдор медиҳад ва раҳнамоӣ мекунад
Башарият, ҷаҳони имрўз дар марҳалае қарор доранд, ки онро сиёсатмадорону ҷомеашиносон, донишмандони соҳаҳои мухталифи илму фарҳанги ҷаҳон, махсусан кишварҳои ғарбӣ, давраи бархўрди тамаддунҳо ва ё бо калимаи боз ҳам серистеъмолтар - ҷаҳонишавӣ - меноманд.
Ҷаҳонишавӣ тўфони Нуҳро монад?
Чаҳонишавӣ равандест, ки бо суръати барқ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии халқҳои ҷаҳон таъсири манфиву мусбати худро боқӣ гузошта, дунёро ба гирдоби ҳаводисе бурда истодааст, ки аз он танҳо кишварҳову миллатҳое ҷон ба саломат хоҳанд бурд, ки раҳбарону донишмандони он аз хираду дурандешӣ кор бигиранд ва барои наҷоти худ ва миллати худ аз ин масолеҳи маънавӣ киштии Нуҳ бисозанд. Дар наздик ба 25 соли даврони истиқлол дар кишвари азизи мо давлатмардону олимонамон дар ин самт корҳои муайянеро анҷом доданд, ки қобили қадрдонӣ низ ҳастанд. Вале, мутаассифона, ҳанўз ҳам гуфта наметавонем, ки худро аз хатари пайёмадҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба пуррагӣ наҷот додаем ва ё дар оянда наҷот дода метавонем ё не. Зеро муқовимат бо таҳдидҳои оқибатҳои бади раванди ҷаҳонишавӣ кори як даврони мушаххас нест ва он бояд пайваста, аз рўи барномаи дарозмуддати ҳадафнок сурат бигирад ва тамоми соҳаҳои ҳаёти моро дар бар гирифта бошад.
Нашри китоби Зафар Сайидзода (Саидов Зафар Шералиевич), мушовири калони дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ «Густариши ахлоқи миллӣ - посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ»-ро қадами ҷиддӣ ва устуворе дар ин самт бигўем, шояд ба асли мақсади мо мувофиқтар бошад. Аҳамияти бузурги илмӣ-назариявӣ ва амалии китоб аз ин нукта бармеояд, ки муаллифи он мавзўъро на аз саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ омўхта матраҳ месозад, балки ҳангоми иҷрои вазифа дар симматҳои сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, котиби матбуотии Президенти ҶТ, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди ҳукумати ҶТ бо ин мушкил ҳазорон бор бархўрди амалӣ доштаасту дар роҳи ҳаллу фасли он иқдомҳои устувору судноке низ гузоштааст. Инро мо аз муҳтавои китоби мазкур баръало мушоҳида мекунем.
Ҷаҳонишавӣ орӣ аз ҷавҳари ахлоқист
Зафар Сайидзода дар оғози китоб нахуст дар бораи пайёмадҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ ба хонандаи асар маълумот медиҳад. Ба навиштаи муаллиф ин падида ҳарчанд аз қарни 19 оғоз мегирад, вале мафҳуми ҷаҳонишавӣ нахуст соли 1961 дар фарҳанги Вебстер ба кор гирифта шудааст. Афкори файласуфон ва ҷомеъашиносони мухталифро дар бораи ҷаҳонишавӣ оварда, андешае чанд оиди паҳлуҳои мусбати ҷаҳонишавӣ мегўяд. Аз ҷумла, ў чунин мешуморад, ки «бо пешрафти ҷаҳонишавӣ заминаҳои бурузи ҷанг байни кишварҳои бузург, бавижа низомҳои сармоядор, ки то кунун муҷиби чандин ҷанги бузурги хонумонбарандоз шудаанд, то ҳадди зиёде аз байн мераванд… Табдили дунё ба як дунёи кўчактар, аз роҳи ҷаҳонишавӣ, боиси афзоиши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва сулҳи пойдортар дар байни онҳо мегардад… Бо пешрафти ҷаҳонишавӣ диктаторҳо ва режимҳои саркўбгар маҷоли боқӣ мондан дар сари қудрат ва пўшондани зишткориҳои худро надоранд…». Вале дар ҳамин ҳол муаллиф аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ бештар сухан гуфта, андешаи ҷомеашиноси барҷастаи муосири англис Энтони Гидденс «ҷаҳонишавӣ шеваи нави ғорати ҷаҳон аст»-ро мисол меорад. Ба ақидаи Зафар Сайидзода, ҷаҳонишавӣ орӣ аз як ҷавҳари ахлоқӣ аст. Нобаробарии рўз ба рўз физояндаи шароити моддии зиндагии мардум яке аз оқибатҳои номатлуби ҷаҳонишавии иқтисод аст. Неруҳое, ки мошини ҷаҳонишавиро ба пеш мебаранд, ба таври ошкоро иқтисодҳои миллиро таҳти нуфузи худ қарор додаанд ва барои ба даст гирифтани манбаъҳои даромад бо ҳукуматҳо сари носозгорӣ доранд, менависад муаллифи китоб ва мушаххассан аз ин неруҳо ном мебарад: «Ҳар ҷо, ки пои созмонҳои фаромиллӣ, монанди Бунёди байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, мерасад, дастгоҳи қонунгузории кишварҳо вазифаи қонунгузориро бо тарсу ҳарос анҷом медиҳад. Масъулони умури иқтисодии давлатҳо ҳангоми таъсиси буҷа, молиёт ва тақсими даромадҳо тавсияҳои созмонҳои байналмилалиро бояд ба таври ҳатмӣ дар назар дошта бошанд». Дар баробари ин муаллифи китоб таъсири фарҳанги ғарбиро дар раванди ҷаҳонишавӣ ба риштаи таҳлил кашида менависад, ки «Ҷаҳони Ғарб ҳам аз ҷиҳати фановарии иртиботот ва ҳам аз ҷиҳати густурдагии «империя»-и хабариву таблиғотиаш беназир аст… Ҳар рўз, беш аз пеш, Амрико ва Аврупо ба воситаи расонаҳои умумӣ ва барномаҳои пурҷозибаашон ҷавонони кишварҳои гуногунро аз фарҳанги миллӣ ва боварҳои мазҳабии ниёгонашон бегона мекунанд». Хулосаи муаллифи китоб дар натиҷаи таҳлилҳои ҳамаи паҳлуҳои ҷаҳонишавӣ ин аст, ки «вақте шаҳрвандони боақлу фаросат ба тамошочиёни бехаёл табдил мешаванд ва зиндагии иҷтимоиву фаъолиятҳои дастҷамъии инсонҳо ба саҳнаи театр ё пардаҳои намоиш табдил мешаванд, ин вазъ нишонаи он аст, ки фарҳанги миллӣ дар хатар аст. Ба ин тартиб мумкин аст, ки буҳронҳои шадиде ба вуҷуд биёянд. Буҳронҳое, ки гоҳ-гоҳ ба нобудии тадриҷии арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳанги миллӣ анҷом мешаванд».
Асли мақсад муқобала бо пайёмадҳои манфист
Аз ин рў, аз панҷ чаҳор қисми як китоби дусаду шастсаҳифагиро донишманди тоҷик ба масъалаи мубрами рўз ва ҳаётан муҳими миллату кишвар - роҳу усули муқобала ба таъсири манфии ҷаҳонишавӣ - ихтисос додааст. «Ҷомеаи солим бидуни доштани хонаводаҳои солим наметавонад ба вуҷуд ояд ва ҳеҷ як осебҳои иҷтимоӣ бидуни таъсир ба хонавода падид наомадаанд», - менависад Зафар Сайидзода. Нахуст ў нишон медиҳад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аввалин ниҳоди ҷомеа, яъне оила, дар Ғарб чӣ гуна ахлоқан фурўпошӣ шудааст ва ё дар ҳоли фурўпошӣ аст. Ў мушахассан мисол меорад, ки «имрўзҳо хонавода дар Ғарб дар ҳоли фурўпошӣ аст ва равшантарин далелаш ҳам канор рафтани ахлоқ аз ҳамаи арсаҳои зиндагӣ аст. Кор ба ҷое расидааст, ки издивоҷи ҳамҷинсгароён бар издивоҷи анъанавӣ бартарӣ пайдо намуда, дар ҳуҷҷатҳои ба расмиятдароварандаи никоҳ, ба ҷои мафҳумҳои «шавҳар» ва «зан», «шарики якум» ва «шарики дуввум» менависанд… То ба имрўз издивоҷи афроди ҳамҷинс дар 15 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар бархе аз штатҳои ИМА, Мексика, ҳамчунин Англия ва Уэлс, вуҷуд дорад». Ҳамаи ин навъи «ахлоқ» тавассути моҳвораҳо ба тамоми ҷаҳон тарғибу ташвиқ мешаванд. Аз ин нигоҳ хонаводаҳо бузургтарин қурбониёни моҳвораҳо ҳастанд, менависад ҷомеашиноси тоҷик. «Бисёре аз хонаводаҳо - бидуни таваҷҷуҳ ба осебҳои маҳвора - аз ин васила истифода мекунанд ва аз он, ки фарзандонашон низ ҳамроҳи онҳо ба тамошои филмҳову сериалҳои моҳвора мепардозанд, ҳеҷ нигаронӣ надоранд. Вақте аъзои як хонавода соатҳо пеши телевизор барои тамошои филмҳои моҳвора менишинанд, риояи бисёре аз арзишҳо, аз ҷумла ҳарими миёну зану мард, ба гузашти замон назди онҳо коста мегардад. Бино ба назари ҷомеашиносон, тамошои бархе аз шабакаҳои моҳвораӣ бо фасоди ахлоқӣ, бебандуборӣ дар робитаҳои байни навҷавонон ва ҷавонон меанҷомад. Аммо падару модарон ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд».
Ҳифзи ахлоқи миллӣ аз хонавода оғоз мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз афзоиши талоқ дар байни навхонадорон ва пошхўрии оилаҳо ибрози нигаронӣ карда пешниҳод намуд, ки барои ислоҳи вазъи бамаломада дар ин ниҳоди нахустини ҷамъиятӣ соли 2015-ро дар ҷумҳурӣ «Соли оила» эълон намуда, тамоми кўшишу талошҳоро баҳри солимии хонавода ба харҷ диҳем. Зафар Сайидзода дар китоби худ масъалаи осебпазирии хонаводаро дар раванди ҷаҳонишавӣ ба риштаи таҳлил кашида, моро ҳушдор медиҳад, ки мушкилоти мазкур кишварҳои пешрафтаи ғарбиро, онҳоеро, ки дар татбиқи раванди ҷаҳонишавӣ нақши бориз доранд, солҳост, ки дунболагир аст. Ў менависад: «Афзоиши вайроншавии издивоҷҳо дар ҷомеаи Ғарб, ки ҳудуди сеяки издивоҷҳоро дар бар мегирад ва густариши ҳамзистии муштараки бидуни никоҳ, ки дар бисёре аз кишварҳои Ғарб то се баробар афзоиш ёфтааст, чолишҳоеанд, ки таҳти таъсири ҷаҳонишавӣ ба вуқўъ пайвастаанд ва имрўз бошиддаттарин хатар дар баробари талоши ҷомеаҳои башарӣ барои ҳифзи якпорчагии хонавода ба ҳисоб мераванд». Донишманди тоҷик дар боби «Асари манфии ҷаҳонишавии арзишҳои оилавӣ», ки наздик ба панҷоҳ саҳифаи китобашро дар бар дорад, ин масъалаи хеле муҳимро мўшикофона ба баррасӣ гирифтааст. Сипас ў дар идомаи китоб вазифаҳо, нақшҳо ва масъулиятҳои ниҳодҳои иҷтимоиро дар тарбияи ахлоқии инсонҳо номбар кардааст. Зафар Сайидзода аз ҳушдори Президент Эмомалӣ Раҳмон « агар мо имрўз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд» ёдовар шуда менависад, ки масъулини соҳа ба дарки ин ҳушдор ҳанўз нарасидаанд. «Агар дарк карда бошем ва пай бурда бошем, чаро аз таҳияву тасвиби ҳуҷҷати воқеан муҳими «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаротар нарафтаем? Масалан, дар вазъияте, ки дар ҷомеа, ба иллати омилҳои муайяни дар ин саҳифаҳо борҳо зикршуда, арзишҳои маънавию ахлоқӣ торафт камаҳамият мешаванд, дар муҳимтарин санадҳои соҳаи таълиму тарбия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» - мафҳуми «тарбияи ахлоқӣ» умуман вуҷуд надорад».
Дар идомаи китоб муаллиф ба масъалаи нақши оила, мактаб, расонаҳо дар тарбияи ахлоқии фарзандон, дар шахсиятсозӣ аҳамият дода, таваҷҷуҳи хонандаро ба мавзўи истифода аз сарчашмаҳои ахлоқу маънавиёт, усулҳои тарбияи фарзанд, роҳбурди посдории забон, ки яке аз роҳҳои муҳими муқобала бо пайёмадҳои манфии раванди ҷаҳони-шавӣ мебошанд, ҷалб месозад.
Чорчўби як мақола имкон намедиҳад, ки тамоми паҳлуҳои ин китоби пурарзиш мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор бигирад. Барои ҳамин ҳам дар хотима гуфтанием, ки ба андешаи мо, ин китоб лоиқи онро дорад, ки бори дигар бо теъдоди калон ба нашр расида, аз он мураббиёну устодон - аз боғчаҳои бачагона шурўъ карда, то мактабҳои миёна, коллеҷҳо, донишкадаву донишгоҳҳо - ҳамчун дастури таълимӣ васеъ истифода бубаранд. Барои адибону рўзноманигороне, ки худро меҳандўсту посбони фарҳанги ниёгон медонанд, китоби рўимизӣ бошад. Ин китоб метавонад ҳамчун доруе, ки ба масунияти бадани ҷомеа тавону қудрат мебахшад, аз сўи он тоифа мардуме, ки масъулияти парасторӣ ва ҳифзи сиҳҳати ҷомеаи моро ҳамчун табибони он ба уҳда доранд, дар фаъолияташон васеъ истифода шавад.
СУЛТОНИ ҲАМАД,
корманди сарредаксияи
«Энсиклопедияи миллии тоҷик»
Дарёфти Китоб: Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ