Пажўҳиши судманд барои ҷавонони тоҷик

Муаллифи китоб ҳушдор медиҳад, ки «ҷомеаи инсонӣ бидуни ахлоқ дигарбора ба барбарият бозмегардад, неруҳо ба ҳадар мераванд, истеъдодҳо саркўб мешаванд, амнияту озодӣ ва он чӣ аз фарҳанг мемонад, бозичаи дасти ҳавасбозон мегардад ва зиндагии инсонӣ мафҳуми воқеии худро аз даст медиҳад».

Китоби нави олими шинохта, доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» асари комилан таҳлилӣ буда, 608 саҳифаи он ба масъалаҳои гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои шукуфоии он бахшида шудааст.

Асари мазкур, ки сармуҳаррираш доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллоев мебошад, барои  олимон, омўзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон, пеш аз ҳама, қишри ҷавонони тоҷик иншо шудааст.

Дар пешгуфтори асар муаллиф аз шахсияти роҳбари хирадманди давлат ёдовар шуда, менависад: «Дарки ҷаҳони беинтиҳои шахсияти Эмомалӣ Раҳмон аз қудрати як ё ду муаллиф берун аст ва мо дар чунин андешаем, ки ин китоб дар пайвастагӣ бо китобҳои дигар, ки эҷод шудаанд ва дар оянда низ навишта хоҳанд шуд, барои таҷассум намудани азамати шахсияти ин сиёcатмадори тавоною муваффақ хидмат хоҳад кард».

Муаллиф  кӯшидааст, ки ба хонандагони китобаш ҳамаи он мураккабии авзои замони ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки садоқат, адолат ва ҳақиқатро пеша намуда, баҳри сулҳу амонӣ ва рушди босуботи давлат хидмат намудааст ва менамояд, равшан созад.

Ин китоби таҳлилӣ аз се боб иборат буда,  боби аввал  «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст. Яке аз хулосаҳои муҳими ин боб чунин аст: «Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рў, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод».

Боби дуюми асар перомуни фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳс мекунад. Муаллиф бо далелу бурҳони зиёд нишон медиҳад, ки ба шарофати чунин фаъолият  бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ имконпазир гашт.

Зафар Сайидзода дар оғози ин боб аз ду мисраи шоҳғазали Ҳофизи бузургвор ёдовар мешавад:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

 

Ҳофизи бузургвор, ки озурдагию эътирозу инфиҷори худро дар риёи фитнаю шар, ки бар авзои пурҷаҳолату торики асримиёнагии рӯзгораш ҳоким буд, ин гуна иброз доштааст. Ва ҳеҷ гоҳ намеандешид, ки бар гузашти асрҳо аҳволи ҷаҳон тағйир нахоҳад кард, балки печидатар хоҳад шуд.

Дар ин иртибот муаллиф тазодҳои бешумори низоми ҷаҳони кунуниро ба риштаи таҳлил кашида, ҷою мақоми Тоҷикистонро дар он равшан месозад. Зафар Сайидзода муътақид бар он аст, ки «дунёи имрўзаи якқутбӣ дар ҳукми пул аст. Яъне дар ин дунё пул ҳоким аст ва шарафу ахлоқу маънавият ва раҳму шафқату адолат тақрибан аз байн рафтаанд. Ҳуқуқи байналмилалӣ ҳам, мисли дигар вижагиҳои ҷаҳони дуқутбӣ, нобуд шудааст». Дар ҷойи дигари боби мазкур вай меафзояд, ки «ҳарҷу марҷи дунёи имрўз ба таври сунъӣ созмондиҳӣ мешавад ва ҳадаф аз мухолифатҳои геосиёсии муосир эҷоди як қудрати ҷаҳонии ҳоким аз роҳи таслим кардани миллатҳо, давлатҳо ва фарҳангҳо ба олигархияи ҷаҳонӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ мебошад. Зеро дар шароити ҳарҷу марҷ ба осонӣ мешавад давлатҳову миллатҳову афкори умумии аз таконҳо ва бесуботӣ хасташударо ба андешаи азнавсозии низоми ҷаҳонӣ ва зарурати ташкили давлати ҷаҳонӣ бовар кунонд».

Дар фаслҳои дигари ин боб муаллиф мавзўъҳои «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Усулҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар арсаҳои ҳамкории байналмилалӣ» мавриди омўзиш қарор додааст.

«Густариши ахлоқи миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ –посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» — чунин аст унвони боби сеюми китоб. Дар ин боб Зафар Сайидзода оид ба як силсила мавзўъҳои мубрам – «Тарбияи ахлоқӣ-меҳвари ғояи миллӣ», «Таъсирҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ ва осебҳои падидаи истеъмолгароӣ», «Ҷомеаи истеъмолгаро ва ахлоқ», «Таъсири ҷаҳонишавӣ ва инқилоби фановарӣ дар эҷоди чолишҳои фарҳангӣ», «Асари манфии ҷаҳонишавии арзишҳои оилавӣ», «Вазифаҳо, нақшҳо ва масъулиятҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ», «Нақши таълиму тарбия дар рушди ахлоқии фарзандон», «Усулҳои тарбияи фарзанд», «Забони модарӣ ҳамчун сарчашмаи ахлоқу маънавиёт» — ибрози андешаҳои муфассалу амиқу арзишманд кардааст.

Муаллифи китоб ҳушдор медиҳад, ки «ҷомеаи инсонӣ бидуни ахлоқ дигарбора ба барбарият бозмегардад, неруҳо ба ҳадар мераванд, истеъдодҳо саркўб мешаванд, амнияту озодӣ ва он чӣ аз фарҳанг мемонад, бозичаи дасти ҳавасбозон мегардад ва зиндагии инсонӣ мафҳуми воқеии худро аз даст медиҳад». Дар робита бо ин Зафар Сайидзода таъкидан менависад: «Дар солҳои охир ҷаҳонро буҳрони амниятӣ фаро гирифтааст, ки мумкин аст ба фурўпошии баъзе аз давлатҳо охир шавад, аммо он чӣ беш аз ҳар чизе дар дарозмуддат ҷомеаҳоро дучори шикаст хоҳад намуд, фурўпошии ахлоқ аст».

Хулосаи умумии асари худро муаллиф дар пасгуфтор чунин ба қалам додааст: «Агар мо бо такяи бештар ба арзишҳои ахлоқиву фарҳангии халқамон, ки сарчашмаи покӣ, ростӣ, некӣ, инсондўстӣ, заҳматписандӣ мебошанд, инчунин бо ба кор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ахлоқмадор (Чин, Япония, Корея) фароянди тарбияи ахлоқиро дар сатҳи баланд ба роҳ монем, дар оянда ба ҳадафи ормонӣ – бунёди ҷомеаи комилан ахлоқӣ – хоҳем расид».

Шариф МУЛЛОЕВ
доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи
Донишгоҳи славянии Тоҷикистон

Гузинаи электронии китоби Зафар Сайидзода «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» ин ҷост.

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: