Мо чӣ гуна бояд забон омӯзем?
Аз донишманди тоҷик Зафар Сайидзода бихонем, ки мегӯяд: Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.
*** *** ***
Имрӯз ҳар нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва ҳар касе, ки бо сухан сари кор мегирад, аз адабиёт то илму фалсафа – ин заруратро ҳис мекунад, ки бояд дар бораи забон андеша намояд ва дар чораандешӣ баҳри пешгирӣ кардани амалҳои харобиоваре, ки дар забони адабӣ ҷараён доранд, саҳм гирад.
Ҳар халқу миллате ба ҳамон андозае, ки марзҳои зиндагии моддӣ ва андешаи маънавии худро густариш медиҳад, забони худро тавонотар ва умри онро дарозтар менамояд. Зеро ҳамон гуна, ки ошкор аст ва таърихи инсоният нишон медиҳад, забон падидаест, ки монанд ба мавҷудоти зинда аст,рӯзе ба дунё меояд, замоне ба ҳаёти худ идома медиҳад ва, чун неруи зиндагиашро аз даст дод, умраш ба охир мерасад. Тӯли умри ҳар забон вобаста ба неруи ҳаётӣ ва қувваи офаринишу созандагии соҳибони забон аст.
Аҳли забонро метавон ба сокинони шаҳре монанд кард, ки меъморони он забон сохтаанд ва ин меъморон шоирон, нависандагон, олимон, мутафаккирон мебошанд. Меъморони асили забони тоҷикӣ низ ҳазорон сол пеш калима ба калима ин забонро ҳамчун меъморони моҳир канори якдигар чидаанд ва бақои ин забонро барои садсолаҳо муайян сохтанд. Акнун вазифаи мо – сокинони шаҳри забони тоҷикӣ аст, ки ин мероси гаронқадрро, ки гузаштагони некномамон аз худ ёдгор гузоштаанд, посдорӣ ва ҳифзу ҳиросат кунем.
Равшан аст, ки аҳли ин шаҳр – шаҳри забони тоҷикӣ – дар асри бисту якум бо ниёзҳо ва мушкилҳои хосе рӯбарӯянд. Вале онҳо набояд аз ин мушкилиҳо ҳаросанд, балки ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки ин мероси гаронбаҳои барҷоймонда аз ниёгонашон вайрон шавад. Ҳаргиз ба он роҳ
надиҳанд, ки сохтори асили забонашон хароб гардад ва зарфияташро аз даст диҳад. Барои он пайкор кунанд, ки зарфияту гунҷоиши забонро густурдатар созанд, то ин ки вожаҳою таркибҳои дар он буда ва дар оянда воридшаванда асилу солим нигоҳдорӣ гарданд. Ҳама талоши лозимро анҷом диҳанд, ки ин забони ширину шево садҳо соли дигар барои наслҳои ояндаи тоҷик хидмат кунад ва ҳамчуноне ки мо, имрӯзиён, забони Рӯдакиро мефаҳмем, баъд аз ҳазор сол ояндагон забони моро фаҳманд.
Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳувият ва халқияти моро шакл додааст ва зарифтарину зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштаанд. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост. Забони тоҷикӣ забони илм, адабиёт, калом, мантиқ, фалсафа аст. Агар ба китобҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки ин забон дар ҳама замон ва дар тамоми риштаҳои илм қудрати баён доштааст. Забони тоҷикӣ забонест, ки дар тӯли ёздаҳ садсола асолаташро нигоҳ доштаву зинда аст ва зинда хоҳад монд. Сурудаҳои Рӯдакӣ – падари шеъри форсӣ – баъд аз ёздаҳ садсола ҳанӯз ҳам барои мо фаҳмоянд:
Замона панде озодвор дод маро,
Замона чун наку бингарӣ ҳама панд аст.
Ё ин байт:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Имрӯз ҳар як мактабхони тоҷик забони ашъори Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома» ва рубоиёти Хайёмро ба хубӣ мефаҳмад. Осори Шекспирро, ки чаҳор сад сол пеш суруда шудааст, англисизабонон – бидуни ба забони имрӯз баргардондан намефаҳманд. Ин суханони нағзи донои Тӯс чӣ содаву фаҳмост:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дигарон ба забони мо шеър месароянд ва забони моро меситоянд. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар оташи ишқи мо месӯзад:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони аҷам, ҷони ману ҷони шумо.
Ҳалқа гирди ман занед, эй равшанони обу гил,
Оташе дар сина дорам аз ниёгони шумо.
Суруди миллии Покистон ба забони тоҷикӣ аст. Бисёре аз андешамандон ва бузургони илму адаб ва сиёсати Покистон бо забони тоҷикӣ ошноӣ доранд. Дар бисёре аз биноҳои даврони ҳукмронии муғул дар Ҳиндустон ашъори тоҷикӣ бар рӯи катибаҳои мармарин ҳаккокӣ гардидааст. Дар сароҳо ва кохҳои ҳукуматдорони турки усмонӣ катибаҳо ба забони тоҷикӣ ва бо хати заррин нигошта шудаанд. Он гоҳ барои мо гуноҳе набахшиданӣ аст, ки дар гаҳвораи забони тоҷикӣ ин забони азизро густариш надиҳем.
Агар замоне Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва садҳо ниёгони бузургамон бо осори оламгирашон забони тоҷикиро аз нав зинда карданд ва онро шуҳраи офоқ намуданд, чаро мо имрӯз барои нигоҳ доштани забони падаронамон кӯшиш накунем? Чаро ба ояндагон густураи забони тоҷикиро нишон надиҳем? Мо бояд, ҳар чи дар тавон дорем, аз вожаҳои тоҷикӣ баҳра барем ва тоҷикона сухан гӯем. Зеро миллати мо тоҷик ва забонамон тоҷикӣ аст. Забони мо мояи ифтихори мо, тоҷикон, аст. Моро ба ин забон мешиносанд. Магар мешавад тоҷик бошем ва забони тоҷикиро пос надорем?! Агар аз хондани ин сатрҳо чанд лаҳза бозистем ва як ҳафтаномаи ватаниро гирифта, фақат чанд ҷумлаашро хонем, бо таассуф иқрор мешавем, ки забони адабии тоҷикӣ дар ҳақиқат ҳам ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад. Ва даъватҳои дилдодагони лафзи модарӣ аз ҳамватанон барои посдории забон на танҳо даъват, балки як навъ бонги изтиробанд.
Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.
Бо хондани ин матлаб шояд пеши дидаҳои хонандаи арҷманд манзараҳое аз суҳбатҳои ҳаммиллатон дар кӯчаву бозор, дохили нақлиёти мусофирбар ҷилвагар мегардад, ки бо якдигар бо чӣ забоне ҳарф мезананд. Масалан, ҳафтод-ҳаштод сол пеш тоҷикон аслан маънои садҳо калимаҳои русиро, ки имрӯз ба таркиби забони гуфтугӯӣ дохил шуда, доираи истифодаашон беш аз пеш густурдатар мегардад, намедонистанд. Аммо имрӯзҳо ҳатто онҳое, ки забони русиро дуруст намедонанд, дар гуфторашон аз калимаҳои забони русӣ ба таври фаровон истифода мекунанд. Зиёда аз ин, чунин ҳам ба назар мерасад, ки ҳадди аксари тоҷикон асли калимаҳоеро, ки ба русӣ баён мекунанд, ба тоҷикӣ намедонанд.
Чаро ин тавр шудааст? Чаро халқе, ки дар тӯли зиёда аз ҳазор сол забонашро аз тӯфонҳои офатбори таърихи пурфоҷиааш бегазанд берун оварда, то ба асри бист – даврони эҳёи давлатдориаш – расонидааст, дар тӯли ҳафт – ҳашт даҳсола онро ба ҳоли ногувор гирифтор намудааст? Чаро имрӯз мо, тоҷикон, – аз коргари одӣ то ба олими шуҳратманд – бо он сароҳат, бо он зебобаёнӣ, ки ҳамзабонони хориҷии мо ва ҳамватанони бурунмарзии дар муҳити комилан ғайритоҷикӣ бузургшуда ҳарф мезананд, наметавонем сухан гӯем?
Ин саволҳоро як ҷавоб аст – мо забони модариамонро ба тавре, ки бояд омӯзем, намеомӯзем. Мушоҳидаҳои шахсӣ ва суҳбату машварат бо шахсиятҳои зиёде аз аҳли қалам моро муътақид сохт, ки барои ислоҳи вазъи забондонии ҳаммиллатон чораву тадбирҳое, ки то имрӯз дар соҳаи мактабу маориф андешида шудаанд, натиҷае нахоҳанд дод, агар мо тарзи таълими забонро ба таври куллӣ мавриди таҷдид қарор надиҳем.
Яъне ислоҳи вазъи мавҷударо на бо роҳи боз ҳам зиёд кардани шумораи дарсҳои забон, на тавассути чопи луғатҳои тафсирию соҳавӣ, на бо ташкили комиссияи босалоҳияти давлатӣ ва на бо даъвати ҳаммиллатон баҳри гиромӣ доштани забони модарӣ ба даст овардан ғайриимкон аст. Ҳамаи он ҳамватанони гиромии мо, адибон, олимон, рӯзноманигорон, муаллимон ва умуман онҳое, ки ҳарферо ба ҳарфе часпонда хуб сухан мегӯянд ва ё менависанд, заҳмату машаққати равону ҷолиб баён карданро медонанд. Ва аз ин сабаб ҳам сухандон шуданд, ки худро дар мактаби саъю кӯшиши худ парваридаанд ва сухангӯӣ ёд додаанд. Пас суоле ба миён меояд, ки мактаби миёна барои чӣ лозим аст? Ҳақиқат ин аст, ки дар мактаби миёна, ба ҷои гуфтори адабиро ёд додан, илми забоншиносиро меомӯзонанд.Ва ин усули таълим боис мегардад, ки хонандагон на забонро ёд мегиранд ва на илми мураккаберо, чун забоншиносӣ, аз бар менамоянд.
Ин усул забонро ҳамчун сохтор меомӯзонад ва вақти зиёди омӯзандаро сарфи ҳамаҷониба фаро гирифтани сарфу наҳв (грамматика) мекунад. Дар натиҷа мактабхон дониши назариявии забонро ёд мегирад, аммо худи забонро не. Вай ҳиссаҳои нутқро медонад, вале дар худи нутқ заиф аст ва наметавонад ба забони адабӣ, ҳамон тавре ки бо забони лаҳҷа озод сухан мегӯяд, ҳарф занад. Ба ростӣ, аҷиб аст, ки барои ин ки ба инсон сухан гуфтанро омӯзонид, ба сари ӯ бояд сели донишҳои барзиёдро рехт. Масалан, худи китоб, бе он ки аввал ба мактабхон сухан гуфтанро ёд диҳад, аз вай талаб мекунад, ки бо истифодаи якчанд калимаҳо ҷумлаҳое созад ва ё аксаран саволҳои берабт медиҳанд ва мактабхонро сардаргум менамоянд, аз қабили «чаро мо пиронро дӯст медорем?» ва ё «чаро мо Ватанро дӯст медорем?» ва монанди инҳо. Чунин ба назар мерасад, ки муаллифони китобҳои дарсӣ намедонанд, чӣ тавр саҳифаҳои китобро пур кунанд.
Дар бисёр маврид аз адабиёти классикӣ порчаҳои насрӣ меоваранд, ки бо забони имрӯз комилан мувофиқат намекунанд. Шояд муаллифон иддао кунанд, ки бо ин роҳ мактабхонҳоро бо адабиёти классикӣ ошно месозанд. Вале фикр ба он намекунанд: кӯдакон, ки забони имрӯзро дуруст намедонанд, чӣ тавр метавонанд бо чанд пораи насрӣ сабки осори бадеии асрҳои гузаштаро ёд гиранд? Ва умуман оё ин муҳим аст? Чун дар ҳама кор, дар таълими забон низ, бо усули аз сода ба мураккаб бояд амал кард.
Мо ҳамеша ин воқеиятро бояд дар хотир дошта бошем, ки зиёда аз ҳаштод дарсади калимаҳои забони тоҷикӣ решаи арабӣ доранд. Пас аввалин ва муҳимтарин вазифаи мактабу муаллиму китобҳои дарсӣ ба мактабиён ёд додани маънои калимаҳо аст. Ва мушкили дигаре, ки дар сари роҳи омӯзиши забони адабӣ қарор дорад, ин фарқи боризи сохтори забони адабӣ аз қолаби забони шифоҳӣ аст. Аз ин рӯ, то ин ду масъала ҳалли худро наёбанд, яъне агар мо услуби роиҷи таълими забонро куллан дигар карда, ба усули амалии фаро гирифтани забон нагузарем, ба ҳеҷ пешрафте дар ин замина ноил намегардем.
Вале мо ба ҷои иқрор шудан ба ин ҳақиқат, ки забони адабиро намедонем ва ба ҷои пайи ислоҳи он кӯшидан, дар мавриди лозиму нолозим бо худситоӣ ва фахрфурӯшӣ,аз қабили «мо фарҳанги ғанӣ дорем», «мо забони оламшумул дорем» ва ғайра, машғулем. Масалан, ҳатто аз минбарҳои баланди маҳфилҳои бузург дар баёни таҷаллии ягон ҳодисаву воқеа мегӯем: «шукӯҳу шаҳомат». Ва боре ҳам луғатро кушода намебинем, ки шаҳомат хусусияти одам аст, на ин ки сифати ҳодиса. Танҳо дар мавриди инсон калимаи шаҳоматро метавон ба кор бурд, ҳодисаву воқеа наметавонанд далер, ҷасур, боҳиммат, саховатманд бошанд, ки инҳо ҳама маъно ва муродифи калимаи шаҳомат ҳастанд. Дигар калимае, ки нисбатан бисёр ва ноҷову бемантиқ истифода мешавад, калимаи ташриф аст. Решаи калимаи ташриф шараф аст ва ин калимаро, яъне ташрифро тарафи пазироикунандаи меҳмон аз рӯи одоби меҳмоннавозӣ ба кор гирифта, вуруди меҳмонро барои худаш шараф меҳисобад. Аммо мо ин калимаро ҳамчун муродифи калимаи русии «визит» истифода мекунем ва сафари ҳар касеро, ки аз ҷое ба ҷое рафт, ташриф мегӯем, аз қабили: «вазири умури хориҷаи Миср ба Ҳабашистон ташриф овард». Ин ҳабашистониҳои меҳмоннавоз бояд вуруди мансабдори олиқадри мисриро, ки вориди кишварашон шудааст, ташриф гӯянд, на ин ки мо. Қадам ранҷа намудан ё қадам ранҷа карданро низ тарафи пазироикунандаи меҳмон аз рӯи одоби меҳмоннавозӣ ба кор мегирад.
Калимаи наҷиб,монанди вожаи шаҳомат,фақат барои баёни хислати инсон истифода мешавад ва маънояш аз нажоди пок будан аст. Вале мо ин калимаро ба кору ҳодисаву воқеа нисбат медиҳем ва ба ҷои корҳои наҷибона, рафтори наҷибона гуфтан, корҳои наҷиб, рафтори наҷиб мегӯем.
Калимаи пайкор ҳарчанд зоҳиран амале вобаста бо корро баён месозад, маънои луғавиаш ҷанг ва муборизаи ҷанговарона мебошад. Вале мо барғалат ин калимаро паҳлуи калимаи кор гузоштаву кору пайкор гуфта, гумон мекунем, ки хеле шоирона ва пуртаъсир гап зада истодаем.
Калимаҳои мустақил ва истиқлол вожаҳои ҳамреша ҳастанд ва дар таркибашон овози сактадор надоранд, вале аксари гӯяндагони телевизиону радио калимаи мустақилро сактадор Мустаъқил талаффуз мекунанд.
Ибораи ҳусни оғозро аз рӯи лутф ба сухани шахсе, ки миёни ҳозирон обрӯманд аст ва ё нисбати гуфтори пурмазмуни иқтибосшудаи ашхоси маъруфе мегӯянд. Масалан, «Устод Бахтиёрӣ бо хондане шеъре аз эҷодиёти худ маҳфили шоирони ҷавонро ҳусни оғоз бахшид». Ибораи «ҳусни хотима» низ ҳамин гуна корбурд мешавад: «Устод Бахтиёрӣ бо додани чанд тавсияи судманд ба маҳфили шоирони ҷавон ҳусни хотима бахшид».
Вожаи намоишнома аз ду реша – намоиш+нома сохта шудааст ва равшан аст, ки маънои навиштаеро медиҳад, ки аз рӯи он намоиш таҳия мекунанд. Намоишнома муродифи калимаҳои русии пьеса ва сценарий мебошад. Аммо аксарият ин калимаро ба ҷои намоиши театрӣ ба кор мебаранд, ки комилан ғалат аст.
Ифтитоҳ, албатта, маънои кушоданро дорад, вале беҳтар он аст, ки ба ҷои ин калима вожаи кушоишро истифода кунем, ки ҳамзабонони мо ин вожаро зиёдтар истифода мекунанд.
Маънои вожаи шодбош табрик гуфтан аст, вале ин калимаро ба ҷои «салом» истифода мекунем. Масалан, операторҳои ширкати «Вавилон» мегӯянд: «Шуморо шодбош мегӯем». Бомантиқу тоҷикона мебуд, агар мегуфтанд: «Шуморо дуруд мегӯем!».
Дар луғатномаи Деҳхудо вожаи дарёфтан чунин шарҳ дода шудааст: воқиф шудан, донистан, мутталеъ шудан; дироят, тафаҳҳум, фаҳмидан, фаҳм кардан, дарк кардан...
Чанд мисол: Дарёфт,ки шамъи ҳаёти падараш дар остонаи хомӯш шудан аст.
Хеле зуд дарёфт,ки фурсати зиёде надорад.
Ӯ дарёфт,ки дар ин замина истеъдоде надорад.
Вале дар бисёр маврид мо дарёфтанро ба ҷои ёфтану пайдо кардани касе ва ё чизе истифода мекунем.
Бисёре аз ҳамватанон дарзмолро утуг ё уту мегӯянд, ки дарзмол гуфтан хуб аст.
Дар забони гуфтугӯӣ калимаҳое ҳастанд, ки муродифи тоҷикӣ надоранд, вале қабул кардани онҳо ба забони адабӣ бо ҳамон шакле, ки дар забони халқ роиҷанд, кори хатое нахоҳад буд. Масалан, калимаи квартира, ки дар варақаҳои расмии мақомоти гуногун ба ҷои он калимаи ҳуҷра ё утоқро истифода мебаранд, ки чандон дуруст нест. Утоқ ин қисмати мустақиле аз хона аст. Дар забони тоҷикӣ калимаи хона ҳам ҳавлиро ва ҳам сохтаҳои мустақилеро бо чаҳор девор ва шифт(сақф) мефаҳмонад. Масалан: «Ӯ дар деҳа хонае дошт», – ин ба маънои ҳавлӣ. «Ин ҳавлие буд иборат аз панҷ хона», – ин ба маънои қисмати мустақиле аз хона. Аммо ҳуҷра ин хоначаи танг дар масҷид, дарвешистон ва ғайра аст. Ва утоқ низ манзили фард аст, ки дар Эрон ба маънои ҳам қисмате аз хона ва ҳам ба маънои кабинети корӣ истифода мешавад. Квартираро дар Эрон опортумон мегӯянд. Мо низ, агар вожаи квартираро истифода кунем, айбе надорад.
Номи БДА дар ҳадди ниҳоят бемантиқ аст – Бозрасии давлатии автомобилӣ. Дар ин ном маълум нест, ки манзур аз бозрасии чист – давлат ё автомобил? Бемантиқии ин ном вақте бараъло намоён мегардад, ки калимаи «давлатӣ»-ро хориҷ карда хонем: Бозрасии автомобилӣ. Яъне, сухан аз бозрасиест, ки маъмурон онро бо воситаи автомобил анҷом медиҳанд. Оё беҳтар нест, ки номи ин хидматро фаҳмо карда, назорати ҳаракати нақлиёт гӯем? Оё шарт аст дар ин номи хидмат ба таври ҳатмӣ калимаи автомобил ҳузур дошта бошад, дар сурате ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо фақат автомобилҳо набуда, воситаҳои дигари нақлиёт, аз қабили троллейбус, мотосикл, велосипед, ароба ва ғайра, мебошанд.
Аз ҳама мероси сахтҷоне, ки аз даврони шӯравӣ мондааст, ин мафҳумҳои бемантиқ дар номи баъзе сохторҳо мебошад, аз қабили «Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон». Манзур аз «назди Ҳукумат» гуфтан сохтори тобеи Ҳукумат гуфтан аст. Пас оё беҳтар нест, ки ин номро мувофиқ ба меъёри забони тоҷикӣ «Кумитаи ҳукуматии ҷавонон...» гӯем. Зеро вожаи «ҳукуматӣ» дар ин ном ба тобеъ будани ин кумита ба Ҳукумати мамлакат ишора мекунад. Ва агар чунин ҳисоб кунем, ки ҳузур доштани калимаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин номҳо зарур мебошанд, он гоҳ, ба назари мо, беҳтар аст, ки онҳоро ба ду қисмат ҷудо карда нависем, масалан: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи ҷавонон...», «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи занон ва оила», «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. АМИТ «Ховар» ва ғайра.
Беҳавсалагӣ, хунукназарӣ ва гоҳе камсаводии кормандони он ниҳодҳое, ки ба сифати сарчашмаи забономӯзӣ хидмат мекунанд, ин боз як мавзӯи дарднок аст. Чӣ рӯзномаеро аз назар нагузаронед, пур аз хатоҳои имлоӣ аст. Сатрҳои гузарони телевизион сартосар пур аз хатост. Дар телевизиони пойтахт як байт шеъри бахшида ба Душанберо, ки дар як рӯз даҳҳо маротиба нишон медиҳанд, чанд муддат пеш хато менавиштанд.
«Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе»-ро, ки чаҳор вергул дорад, бидуни ягон вергул навишта нишон медоданд...
Маҳдудаи ин нигошта имкон намедиҳад, ки аққалан садяки «ҷилваҳои эҷодӣ»-и қаламкашонеро, ки ҳамарӯза саҳифаҳои рӯзномаҳову маҷаллаҳову китобҳоро аз ин гуна ғалатҳо «гулгун» мекунанд, оварем.
Дархӯри аҳамият хоҳад буд, ба ҷои ин гуна навиштаҳои дилгиркунанда чанде аз тавсияҳои коршиносон ва қаламкашонро оварем, ки оганда аз роҳкорҳо ва нуктаҳои судманд барои хуб сухан гуфтан ва нутқро сайқал додан мебошанд.
Инак, он нуктаҳое, ки бояд биомӯзед:
– Сухан гуфтан ниёз аст. Хуб сухан гуфтан фан аст. Зебо сухан гуфтан ҳунар аст.
– Зиёд машқу тамрини суханронӣ кунед, то ин ки фанни сухан гуфтанро хуб ёд гиред.
– Шояд хотираи хуб надошта бошед, аммо лозим аст, ки барои хуб сухан гуфтан ҳофизаатонро неру бахшед. Барои ҳам мустаҳкам кардани хотира ва ҳам барои зебо сухан гуфтан шеърҳои зиёд ва ҷумлаҳои омӯзандаро аз ёд кунед, то ин ки дар мавриди лозим онҳоро дар гуфторатон ба кор баред.
– Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки каме аз равоншиносӣ огоҳ бошед ва донед, ки чӣ тавр метавон шавқи шунавандаро бедор кард.
– Аз интиқод натарсед. Аслан аз касе, ки шуморо танқид кардааст, наранҷед. Кӯшиш кунед, ки гуфторатон санҷида бошад, дар акси ҳол худатон замина фароҳам меоваред, ки шуморо танқид кунанд. Худатон низ ба нафси касе назанед, агар ҳам пай бурдед, ки суханаш бемантиқу берабт баромад. Аз саҳву хатои дигарон ҳамеша барои худ дарс гиред. Кӯшиш намоед он чиро, ки дар суханони дигарон писандатон наафтод, дар гуфтори хеш такрор накунед.
– Бодиққат мутолиа кунед ва аз ҳама чизи тозаву нав иттилое ба даст оваред, то дар ҳузури одамони таҳсилкардаву огоҳ шахси бехабар аз дунё шинохта нашавед. Тавре машқу тамрин кунед, ки қоидаҳои хуб сухан гуфтан барои шумо ба одат табдил шавад, ҳамон гуна, ки одам нафас мекашад ва роҳ меравад.
– Ҳеҷ гоҳ ва дар ҳузури ҳеҷ кас аз забондониатон нанозед. Агар ҳам эҳсос кардед, ки матлаби баёнкардаи ҳамсуҳбатонро дар қолаби хубтаре гуфта метавонед, аз ин кор худдорӣ кунед.
Ин танҳо як порча аз мақолаи донишманди тоҷик Зафар Сайидзода бо номи “ “ буд, ки аз китоби нави ӯ “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ”, ки ба тозагӣ чоп шудааст,
овардем. Идомаи мақоларо шумо метавонед аз ин ҷо бихонед:
Дар наздиктарин фурсат хабари муфассалеро аз муҳтавои китоби ёдшуда нашр хоҳем кард