Зафар Сайидзода

Китоби сарвари Чин Си Ҷинпин бори аввал дар Тоҷикистон нашр шуд

 Дар аввалин рӯзи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин (25-уми апрели соли равон) ҷиҳати ширкат дар кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд - як роҳ»   дар нашриёти “Контраст”-и пойтахти кишвар китоби сарвари Чин Си Ҷинпин  бо номи “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори Як камарбанд – як роҳ ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” бо забони тоҷикӣ интишор ёфт.