Дар адабиёти муосири тоҷик таҳқиқи бадеии масоили марбут ба таҳаввулоти сиёсии охири қарни XX, ки дар фазои Шўравӣ ба амал омад, беш аз пеш муҳим ва мубрам арзёбӣ мегардад. Дар робита ба масъалаи мазкур, таваҷҷуҳи адибонро беш аз ҳама омилҳо ва сабабҳои ба садамаи сиёсӣ дучор омадани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шўравӣ, зуҳури низоъҳои минтақавӣ ва хоса тағйиру дигаргун шудани арзишҳои маънавию ахлоқии ҷомеа ба худ ҷалб месозад. Дар ин замина, дар насри муосири тоҷик ҳам як силсила асарҳои хурду бузурге ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар маҷмуъ манзараи умумии таҳаввулоти таърихию сиёсӣ, табдили арзишҳо, дигаргуншавии низоми идоракунии ҷомеа ва ғайраро бозтоб месозанд.
Яке аз чунин нависандагоне, ки ба таҳқиқи бадеии масоили мазкур пайваста машғул аст, адиби маъруфи тоҷик Шералӣ Мўсо мебошад. Вай ҳам дар мақолаю очеркҳо ва ҳам дар ҳикояю қиссаҳои бадеияш пайваста таҳқиқи мавзўъҳои мазкурро пайгирӣ менамояд ва дар ин замина асарҳои ҷолибу хонданиеро пешкаши аҳли назар намуд, ки намунаи барҷастаи он қиссаи «Қомати сабзи имон» аст.
Ин асар на танҳо аз нигоҳи мавзўъ он ҳам хонандаро дар сари масоили зиёди ахлоқӣ, инсонӣ ва одамию одамгарӣ ба андеша мебарад. Дар асар симои Бобои Расул рафтору кирдор ва бархурду муносибатҳои ў бо воқеоти атроф , бо одамоне, ки ў ба онҳо рў ба рў мешавад, ҷолиби диққат мебошад. Ин пирамарди рузгордида, аз байни обу оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашта, неку бади рузгорро хуб омӯхтааст. Вай парвардаи арзишҳои дигари ахлоқию маънавист. Ба ҳамин хотир, вайрон шудани ахлоқи ҷавонон, беқадр шудани инсон ва арзишҳои инсониро қабул надорад. Фўрухтани орденҳо, ки аз одамон дар сангарҳои ҷанги ҷаҳонӣ бар иавзи сару ҷони хеш соҳиб шуда буданд, Бобои Расулро сахт ба ташвиш меорад.
Порае аз пешгуфтори доктори илми филология Шамсиддини Солеҳ ба китоби Шералӣ Мӯсо “Як қисса бо се забон” мутолиа кардед. Ин китоб имсол дар нашриёти Эр-Граф ба теъдоди хеле маҳдуд чоп шудааст. Дар китоб қиссаи “Қомати сабзи имон” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп шудааст.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шаҳло Раҳимова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.