Китобхонаи миллӣ фаъолтарин кормандонашро ба осоишгоҳҳои кишвар хоҳад фиристод
Нашр шуд 2017-06-03 16:58
Панҷ нафар аз фаъолтарин кормандони Китобхонаи миллӣ имсол соҳиби роҳхат ба беҳтарин осоишгоҳҳои кишвар хоҳанд шуд
Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар додем, Китобхонаи миллӣ моҳи май 5 ҳазору 427 аъзои навро пазируфт, ки ин болотарин сатҳи ҷалби хонанда дар як моҳ аз замони фаъолияти ин боргоҳи маърифат будааст.
Зарфи панҷ моҳи аввали соли равон 17 ҳазору 836 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шуданд, ки ин рақам ба фаъолияти яксолаи солҳои 2013, 2014 баробар аст.
Чорабиниҳои “Даъват ба китоб ва Китобхона”, ки аз нимсоли дувуми соли 2016 роҳандозӣ мешавад, яке аз омилҳои ҷалби бесобиқаи хонандагон ба Китобхона шудааст.
Афзоиши бесобиқи сафи аъзоёни нави Китобхонаи миллӣ ба фаъолияти хастагинопазири иддае аз кормандони он вобаста аст.
Дар ин муддат кормандоне буданд, ки дар даъвати хонандагон назар ба дигар ҳампешагон фаъол буданд. Аз ҷумла, бо даъвати Манзура Назарова-мутахассиси пешбари Шуъбаи коркарди адабиёт 1056 нафар ба сафи хонандагони ҳамешагии Китобхона пайвастанд.
Шабнами Раҳимҷон-мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо даъвати худ сафи хонандагони Китобхонаро 754 нафар афзуд.
Бунафша Абдураҳмонова-мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бо даъват 545 нафар, Фарангис Баҳруллозода-мутахассиси Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 436 ва Наргиси Иззатулло-мухассиси пешбари котибот 420 нафарро узви Китобхона карданд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тасмим гурифт панҷ тан аз фаъолтарин даъватгарон соҳиби роҳхат ба беҳтарин осоишгоҳҳои кишвар хоҳанд шуд. Шуъбаҳои фаъол бошанд, бо мукофотҳои ҳавасмандкунӣ сарфароз гардонида мешаванд.