Китоб ва Китобхона: Аз омодагӣ ба имтиҳонот то омодагӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”
Дар рӯзҳои таътили тобистона ҳам касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, зиёданд. Донишҷӯён кайҳо имтиҳоноти худро супурдаву саргарми истироҳати тобистонаанд. Ё рафтаанд ба рустоҳои худ, ки кори саҳро кунанд ва ё дар истироҳатгоҳҳое саргарми истироҳатанд. Аммо кам нестанд касоне, ки рӯзҳоро дар толорҳои хониш пушти сар мекуннад. Ин бор суоли мо ба таътили тобистона иртибот дошт ва аз ду нафар пурсидем:
-Айни ҳол ба тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ таътили тобистона аст ва бовар дорам шумо низ чун дигарон имконе доред, ки таътилро дар ҷойи дигар гузаронед. Вале мебинам, ки ин ҷо нишаставу саргарми мутолиаед.
Фахриддин Ҳакимов:
- Ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ман қатори як чанд ҳамсабақонам аз даври якуми имтиҳон афтидам ва барои супоридани даври дуюм дар Китобхонаи миллӣ омодагӣ дида истодам. Имкони мутолиаро фикр мекунам танҳо дар муассисаи мазкур меёбам, шароити ба деҳа рафтанро дорам, зеро то даври дуюми имтиҳон, қариб се ҳафта фурсат дорам, аммо Шумо хуб медонед, ки барои омода шудан ба дилхоҳ санҷиш муҳити деҳот мушкилӣ эҷод месозад. Махсусан, деҳоти мо дур аз марказ аст, шароити зист мушкилоти хоси худашро дорад. Ва агар ҳоло ба деҳа равам, лозим меояд қатори дигарон корҳои саҳроро ҳам анҷом диҳам. Ин намешавад, ки ҳам а кор кунанду ман сар аз китоб набардорам. Аммо ин ҷо касе намегӯяд бихел кор кун, ҳадаф, ки таҳсил аст, бояд омодагӣ бинам. Ва боз дар ҳолест, ки фурсатам ҳам зиёд нест. Ба ҳамин хотир ҳама рўз бо мақсади мутолиа роҳ сўи Китобхонаи миллӣ пеш мегирам.
Аммо Сабоҳат Мӯсоева, хонандаи дигар мегӯяд худро барои ширкат ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” омода мекунад. Ҳар рӯз ба Китобхонаи миллӣ меояд ва адабиётҳоеро мутолиа менамояд, ки донистанашон шарти озмун аст. Ва бовар дорад, ки баранда хоҳад шуд.
Сабоҳат Мӯсоева:
- Барои ман аз тарафи волидонам тамоми имкониятҳои фароғат дар таътили тобистона пешниҳод гардид, вале ман рад кардам. Ба он хотир, ки иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ»- ро мақсад намуда будам. Алҳол банда аз даври аввали озмуни мазкур, ки дар сатҳи ҷамоатӣ гузаронида шуд, даст боло гардидам. Имрўз танҳо ва танҳо омодагӣ ба даврҳои минбаъдаи озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» қадам мегузорам. Агар мавриди дастрасии маводҳои озмуни мазкур ҳарф занем, бо боварӣ гуфта метавонам, ки тамоми он адабиётҳое, ки барои озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ» муқаррар шударо аз фонди мукаммали Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас карда метавонем.
Баробари китобҳои анъанавӣ, ҳарчанд, ки банда то ҳол дастрас накарда бошам ҳам, иттилоъ ёфтам, ки кормандони китобхона ҳамаи он адабиёте, ки барои мутолиаи довталабони озмун пешниҳод гардидаро ба шакли китоби электронӣ омода намудаанд. Ин барои хонанда ва иштирокчии озмуни ҷумҳуриявӣ имконияти хуб мебошад.
Имрўз мо аз он хушҳолем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои исифодаи фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Фурўғи субҳи доноӣ» пешкаши мо насли ҷавон сохт. Ин боис мешавад, ки ҳазорон нафар бо баҳонаи ширкат дар озмун китобхон мешавад. Ва ба гуомнам ҳадафи Пешвои миллат низ ҳамин аст.
Мусоҳиб Абдуғаюр САЛОМОВ