Аҷаб шаҳри дилроӣ, Душанбе...

Имрӯз Рӯзи Пойтахт аст. Душанбеи ҳамешаҷавон идона оро ёфтааст. Аз сари субҳ чорабиниҳои тарҳрезишуда оғоз шудаву идома доранд. Дар боғҳои фарҳангӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, дар варзишгоҳҳо чорабиниҳои варзишӣ то бегоҳ идома мекунанд.
Ин суханон марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Душанбе:  “Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”.

             Дар чунин рӯз дил мехоҳад дар бораи пойтахти кишвар зиёдтар бидонад. Душанбе яке аз қадимитарин шаҳрҳои мамлакат аст, ҳарчанд баъдан он аз байн рафтаву ба як рустои хеле ақибмонда табдил шудааст.

Таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон муҷиби он шуд, ки Душанбеи нообод чун маркази он пазируфта шавад ва ҳукумати вақтро лозим омад барномаҳоеро тарҳрезӣ ва мавриди иҷро қарор диҳад, ки сабабгори тараққии минбаъда шавад ва он тадриҷан ба як шаҳри шукуфону ободу зебо табдил ёбад.

Ҳатто таърихи сад соли охири Душанбе хонданиву шуниданист. Аммо ин ҷо мехостем аз имрӯзи Душанбе ҳарф занем, чун таҳлили таърих кори муаррихон аст.

Душанбе имрӯз чӣ шаҳресту чӣ дорад ва чӣ ифтихор мекунад?

Масоҳати шаҳри Душанбе то 01.01.2016 – 126,6 км мураббаъ буда, дар водии Ҳисор, дар баландии 750 – 930 метр аз сатҳи баҳр, дар ду тарафи соҳили дарёи Душанбе (дар қисмати болооби дарёи Варзоб) ҷойгир аст. Иқлимаш хушк.    Шаҳр дорои чор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.

Соли 1926 дар Душанбе ҳамагӣ 5,6 ҳазор нафар зиндагонӣ мекарданд. Соли 1939 ин рақам ба 82,6 ҳазор расид. Баъд аз 20 сол, яъне соли 1959 аҳолии пойтахти кишвар беш аз 233 ҳазор нафарро ташкил дод.

Шумораи аҳолӣ сол ба сол меафзуд. Тибқи омори соли 2010 теъдоди аҳолии пойтахти кишвар 731,1 ҳазор нафар буд, соли 2013 он 764,3, соли 2014 775,8, соли 2015 788,7 ва моҳи январи соли 2016 802,2 ҳазор нафарро ташкил дод.  

               Душанбе бо маҷтамаҳои ёдогорӣ, пайкараҳо, биноҳои ободу зебои худ аз дигар шаҳрҳои кишвар фарқ мекунад. Дар пойтахт  Маҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ, пайкараҳои  Садриддин Айнӣ, Абуалӣ ибни Сино,  Мирзо Турсунзода, Абдулқосим Фирдавсӣ, Куйбишев, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нимпайкараҳои академик Б. Ғаффуров, Умари Хайём, Абдулқосим Лоҳутӣ,  Маҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтаву ба ҳусни он ҳусн зам кардаанд.

Душанбе имрӯз бо 15 шаҳри олам, аз ҷумла бо Клагенфурт (Австрия) Боулдер (ИМА), Ройтлинген (Олмон),   Санкт – Петербург (Федератсияи Русия), Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Минск (Ҷумҳурии Белорус), Мазори Шариф (Ҷумҳурии исломии Афғонистон),  Урумчӣ (СУАР ҶХЧ),  Лоҳур (Ҷумҳурии исломии Покистон),  Санъо (Ҷумҳурии Яман),  Монастир (Тунис), Лусака (Замбия),  Шероз (Ҷумҳурии исломии Эрон), Анқара (Туркия),  СЯМЭН (Ҷумҳурии Халқии Чин) бародаршаҳр мебошад.

Маориф, илм ва фарҳанг

Миқдори муассисаҳои таълимоти олии касбӣ дар пойтахт 23 адад буда, дар онҳо 103,6 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.  Миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  13 адад аст 16,1 ҳазор хонанда доранд. Дар 140 мактаби таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва шабона) 180,8 ҳазор нафар таҳсил мекунанд ва ба онҳо 7,9 ҳазор омӯзгорон дарс мегӯянд. 

Миқдори муассисаҳои томактабӣ 124 адад буда, 27,4 ҳазор нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд. 

Теъдоди муассисаҳои илмии пойтахти кишвар 50 адад буда, дар онҳо 2071 нафаар машғули кору пажуҳишанд.

Пойтахт 271 доктори илм, 639 номзади илм дорад.

Шумораи пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат 17 адад буда, дар онҳо 1051 кормандони илмӣ фаъолият мекунанд. Шумораи докторони илм дар ин пажуҳишгоҳҳо 134 нафар ва  244 тани дигар номзадҳои илманд.  

Пойтахти Тоҷикистон дорои панҷ театр аст, ки ҳар кадоми онҳо аз бештар аз 500 то 210 ҷойи нишаст доранд.  

Дар Душанбе 9 осорхона вуҷуд дорад. Аз ҷумла, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар соли 2009 таъсис ёфтааст,  Осорхонаи бостоншиносӣ (1996) Осорхонаи мардумшиносӣ (1954), Осорхонаи мутаҳидаи ёдгорию адабӣ (1981), хона-музейи А. Лоҳутӣ (1987), хона-музейи М. Раҳимӣ (1968), хона-музейи М. Турсунзода (1981), хона-музейи С.Айни (1978), Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқашиносии ба номи З. Шаҳидӣ (1991).

 Дар шаҳр 20 китобхона  вуҷуд дорад, дар онҳо 3,12 млн. нусха  китоб  нигоҳдорӣ мешаванд. Бузугтарини ин китобхонаҳо Китобхонаи миллӣ мебошад, ки 3,11 миллион нусха китоб дорад. Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар дорои 9,03 ҳазор нусха китоб ва китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ 653,4 нусха китоб доранд. 

Дар пойтахти кишвар 37 рӯзнома ва ба ҳамин миқдор маҷалла нашр мешавад. 

Дар бораи бемористонҳо, кохҳои варзишиву варзишгоҳҳои хурду реза, корхонаҳои тавлидӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо агар сухан ронем, чандин варақи дигарро метавон сиёҳ кард. 

Рӯзи Пойтахт муборак ҳамдиёрони азиз!