Субҳи имрўз як гуруҳ кормандони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои даъвати донишҷуёни курсҳои авали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Китобхона сафарбар карда шуданд. Дар ҷараёни барнома, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолити китобдорӣ тахрези шудааст, райёсати факултаҳои донишгоҳ кормандонро ба ҳузур пазируфта барои суҳбат оростан бо донишҷуён кумак расониданд.
Ҷиҳати ташкил ва омода намудани барномаи даъват ба китоб ва китобхона кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар суҳбати озод бо донишҷуён аз шароити дар Китобхонаи миллӣ буда, маълумоти муфасал доданд. Онҳо оиди дирўз ва имрузи китобхона, хизматрасониҳои шартномавӣ, толорҳо, шуъбаҳо ва марказҳои фарҳангӣ ҳарф заданд.
Инчунин пеш аз анҷомёбии барнома ба донишҷуён зиёда аз 200 буклет ва варақаҳои иттилоърасонӣ ва ташфиқотӣ тақсим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки барномаҳои таблиғотӣ аз тарафи кормандони шубаи мазкур ҳафтае чанд маротиба дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешавад.