«Шуълаи инқилоб»

«Шуълаи инқилоб», нашрияи Кумитаи ҳизбии болшевикони вилояти Самарқанди кишвари Туркистон барои мардуми форсизабон буда, нахустшуморааш 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.
«Шуълаи инқилоб» ҳафтае як маротиба зери шиори: «Ранҷбарони тамоми ҷаҳон, муттаҳид!» дар ҳаҷми ҳашт саҳифаи миёна бо ҳуруфи форсӣ ба тариқи чопи сангӣ ба табъ мерасид. Нашри рўзномаи мазкур то 8 декабри соли 1921 давом карда, дар маҷмўъ 91 шумора нашр гардидааст. Муҳаррираш Саидризо Ализода буд.
Дар бораи чӣ гуна нашрия будани «Шуълаи инқилоб» андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан, узви пайвастаи АИ РСС Тоҷикистон Раҷабов Ш. З. оид ба мавқеъ ва мақоми таърихии «Шуълаи инқилоб» гуфтааст, ки: «Нахустин маҷаллаи советӣ ба забони тоҷикӣ «Шуълаи инқилоб» дар саҳифаҳои худ масъалаҳои муҳимро таҷассум намуда, дар вилояти Самарқанди кишвари Туркистон, ки тоҷикони зиёде зиндагӣ мекарданд, мақоми бузурги сиёсию маданӣ бозид».
Дар китоби «Таърихи матбуоти тоҷик» ҳам омадааст, ки: «Гурўҳе аз олимон дар андешаи Зариф Раҷабов «Шуълаи инқилоб»-ро маҷалла номидаанд. Асос барои ин даъво он аст, ки ҳам худи «Шуълаи инқилоб» ва ҳам муаллифони ҷудогонаи он аксар вақт онро ба сифати  маҷалла ёдоварӣ кардаанд. Аммо ороиши «Шуълаи инқилоб» ва муҳтавояш далел ба он буд, ки вай ҷаридаи ҳафтавор будааст, аз ҷумла «Шуълаи инқилоб» нашрияи бемуқова ва ҳамчунон ҷаридае буд, ки асосан матолиби хабарӣ чоп мекард». 
«Шуълаи инқилоб»  дар солҳои мавҷудияташ бар зидди ақидаҳои нодурусти пантуркистон дар боби ҳастӣ ва забону фарҳанги тоҷик мубориза  мебурд. Аз ҷумла, таъкид мекард, забон муҳимтарин нишонаи ҳастии миллат аст ва халқи тоҷику зиёиёнаш бояд барои ҳимояи мавҷудияту ҳастии худ  пеш аз ҳама забонашонро софу покиза нигоҳ доранду нигаҳбонаш бошанд. Ин талошу муборизаҳояш  аз назари пантуркистон дур намонд ва онро бастанӣ шуданд, вале  муваффақ нагардиданд.    
Маҷаллаи нахустини шўравии тоҷик- «Шуълаи Инқилоб» нашрияе буд, ки  ғояҳои  тозаро  дар сарзамини Туркистон  паҳн ва  ақидаву андешаҳояшро дар Бухорову Афғонистону Эрон таблиғ карда, дар ташаккули фарҳангу суннат, покизагиву нигаҳбонӣ ва мустақилонаву бемонеа инкишоф ёфтани забони адабии тоҷик саҳми босазо гузошт.

Шуъбаи матбуоти даврӣ

Барчаспҳо: