Боздиди ду сафир аз Китобхона

Субҳи имрўз, 21 –уми декабр Сафири навтаъини Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Абдулазиз Муҳаммад ал - Бодӣ аз  Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва бо профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллӣ мулоқот кард.
Абдулазиз Муҳаммад ал- Бодӣ ва Сайфиддин Назарзода дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Арабистон изҳори назар намуданд ва хостори гуcтариши ин ҳамкориҳои барои соли оянда шуданд.
Баъд аз зуҳр Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин суҳбат низ масъалаи ҳамкориҳои фарҳангӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Хонум Ясмин Гуедар аз Осорхонаи китоб ва толори намоиши китобҳои тозанашри Китобхона, ки дар ошёнаи сеюм воқеъ аст, дидан намуд.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон дар поёни дидораш як силсила китобҳои кўдакона ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кард.