Боздиди ҳайати ҷопонӣ аз Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-11-02 17:20
Як ҳайат аз кишвари Ҷопон субҳи имрӯз дар суҳбат бо Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода масъалаҳои ифтитоҳи гӯшаи Ҷопон, ташкили дарсҳои омӯзиши забони ҷопонӣ ва роҳандозии як силсила чорабиниҳои фарҳангии муштаракро мавриди суҳбат қарор дод.
Нимаи аввали рӯзи 2-уми ноябри соли равон як ҳайат аз Ҷопон дар раъси Раиси Анҷумани Узбекистону Тоҷикистон, рўзноманигор Нобуҳико Шима, тарроҳ Ҷунко Кошино ва намояндаи фарҳангии Ҷопон дар Тоҷикистон Такашӣ Окимото ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд ва бо директори Китобхона, профессор Абдусалом Мирализода мулоқт карданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои таъсиси гўшаи фарҳангии Ҷопон дар Китобхонаи миллӣ, ташкили давраҳои кутоҳмуддати забономузӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сипас, меҳмонон аз гӯшаҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ ва дигар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Ин ҳайат бо раҳнамоии Бунёди Ҷопон дар назди Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар вориди Тоҷикистон шудааст.