Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар чорумин Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ
Нашр шуд 2015-12-16 19:31
Дар шаҳри Санк-Петербурги Русия охирин рӯзи чорумин Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ идома дорад. Ин Анҷуман аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия ва Ҳукумати Санк-Петурбург ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО ташкил шудааст.
Рӯзи аввали Анҷуман бо ширкати Президенти Русия Владимир Путин гузашт. Вай аз шаҳри Санк-Петербург чун дурдонаи фарҳанги ҷаҳонӣ ёд кард ва гуфт: “Ин шаҳрест бо сарнавишти басо ҷолиб ва тӯли таърих аз санҷишу имтиҳонҳои зиёде гузаштааст. Руҳи бузурги шаҳидони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар он зинда аст, ин шаҳр шоҳиди ҳам ғоратгарӣ ва ҳам ободгарӣ дар тӯли чанд садсолаи охир будааст”.
Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова дар бораи таҳдидҳои амниятӣ ба объектҳои мероси ҷаҳонӣ суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Ҳамаи мо медонем, ки фарҳанги башар зери таҳдид аст. Ин дар Сурия, дар Ироқ ва чандин кишварҳову шаҳрҳои олам ба чашм мерасад. Экстремистон дурдонаҳои фарҳанги оламро нобуд мекунанд ва ман фикр мекунам онҳо аз фарҳанг метарсанд, зеро он дорои арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмист, он кушандаи ғояи инсонбадбинист. Моро лозим аст фарҳанги башар, тамаддуни инсониро аз ин нобуд шуданҳо нигоҳ дорем”.
Барномаи Анҷуман басо рангину пурмуҳтаво буд. Зарфи се рӯз ширкаткунандагони он дар ҷаласоти гуногун, мизҳои гирд, мубоҳисаҳои созанда атрофи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ва роҳу равишҳои ҳифзи онҳо, рушди санъат дар замони муосир ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо, чопи китоб, мушкилоти китобу китобхона дар ҷомеаи мусоир ва ғайра ширкат ва табодули назар карданд.
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар ин Анҷуман ширкат ва дар чандин нишастҳо ва мизҳои гирд суханронӣ дошт.