Дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китобҳои тозанашри ноширони Озарбойҷон таъсис мешавад

Дар мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Гасанов дурнамои ҳамкориҳои китобхонаҳои ду кишвар ва таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри Озарбойҷон дар Китобхонаи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин мулоқот то зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Сайфиддин  Назарзода меҳмони олиқадрро бо таърихи бунёди Китобхонаи миллӣ, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра ошно намуд.
Дар ин дидор чандин масъала дар иртибот ба тақвияти ҳамкориҳои китобхонаҳои Тоҷикистон бо китобхонаҳои Озарбойҷон баррасӣ шуданд.
Сарвари идораи дипломатии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри кишвараш дар Китобхонаи миллӣ шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамзамон изҳор дошт, ки ниҳоди зертобеъи ӯ аз ҳама гуна ҳамкориҳо дар самти китобу китобдорӣ, аз ҷумла таъсиси гӯшаиҳои китоби кишварҳои дӯст истиқбол мекунад. 
Қарор аст ин гӯша дар толори адабиёти хориҷа ташкил шавад.
Гуфтанист, ки ин дуюмин боздиди Сафири Озарбойҷон аз Китобхонаи миллӣ мебошад.