Фаъолияти гӯшаи Корея дар Китобхонаи миллӣ аз сар гирифта мешавад
Нашр шуд 2019-07-17 15:24
Фаъолияти гӯшаи Корея дар Китобхонаи миллӣ аз сар гирифта мешавад
Дирӯз дар поёни мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси гўшаи ин кишвар ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум муаррифӣ намудани адабиёт ва фарҳанги Корея, табодули таҷриба, ташкил ва гузаронидани тадорукоти фарҳангӣ, ташкили давраҳои муштараки омузишӣ ва забономўзӣ мебошад.
Дар дуюмин рӯзи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, ки 15 – уми июл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд. Зимни баргузории мулоқоту музокирот ҳайатҳои расмии ин ду кишвари дўст масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироиро байни Тоҷикистону Корея мавриди муҳокима қарор доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба он ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони ин ду кишвари дўст гардиши молу маҳсулот соли 2018 нисбат ба соли 2017 1,7 маротиба зиёд гардид. Дар панҷ моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Корея 13 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин шаҳодати рўз то рўз рушд ёфтани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Корея мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Корея зикр кард, ки дар асоси сиёсати муваффақона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ дар минтақаҳои мазкур ба соҳибкорону сармоягузорон як зумра афзалиятҳо дода шудаанд. Фароҳамсозии имконоти зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар қаламрави мамлакат бунёду сохтмони иншооти гуногуни истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузоронӣ дохилию хориҷӣ ҷараён дорад.
Ҷонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки имрўзҳо дар баробари дигар маҳсулот метавон аз Тоҷикистон ба Корея маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои сифати баланд мебошад, содирот кард.
Дирӯз дар поёни мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси гўшаи Корея ба имзо расид. Ҳадаф аз имзои Ёддошти тафоҳум муаррифӣ намудани адабиёт ва фарҳанги Корея, табодули таҷриба, ташкил ва гузаронидани тадорукоти фарҳангӣ, ташкили давраҳои муштараки омузишӣ ва забономўзӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Шоҳи Сеҷони Ҷумҳурии Корея барои таъсис додани Гўшаи Корея дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд ва он муддати 5 сол фаъолият карда, муҳлати амалаш соли 2018 ба поён расида буд. Ҳоло бо имзои санади нави ҳамкорӣ фаъолияти ин гӯша аз сар гирифта хоҳад шуд.
Файёз Умаров,
сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии
Китобхонаи миллӣ.