Боздиди намояндаи олимақоми Сафорати Индонезия аз Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-07-26 11:35
Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон) хонум Росдиана Муртинингсих бо сафари дурўза (рӯзҳои 24-25 июли соли 2019) бо мақсади барпо намудани дидору мулоқотҳои корӣ бо намояндагони кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Баъд аз зӯҳри рӯзи 25 –уми июл хонум Росдиана Муртинингсих аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кард ва дар ҷараёни диду боздид бо раёсати Китобхонаи миллӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Китобхонаи миллии Толҷикистон бо Китобхонаи миллии Индонезия, Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон ва таъсиси Гӯшаи китоби Индонезия дар назди шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи милллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин дидор ҳамчунин дигар мавзуҳои марбут ба китобу китобдорӣ, табодули таҷҷрибаи кормандони китобхонаҳои ҳарду кишвар, фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос барарсӣ шуданд.
Сипас, хонум Росдиана Муртинингсих бо ҷумла ҳамроҳонаш аз гӯшаҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ, осорхонаи китоби шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобхои нодир ва дигар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Индонезия ё худ Ҷумҳурии Индонезия кишварест дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнусия. Дорои беш аз 266 миллион ҷамъият ва чаҳорумин кишвари пурҷамъияти олам маҳсуб мешавад. Низомии сиёсии ин кишвар Ҷумҳурӣ бо интихоботи маҷлис ва раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Пойтахташ шаҳри Ҷакартост.
Забони расмии ин кишвар индунезиёӣ ва воҳиди пулии он рупия аст. Мардумонаш муташаккил аз ақвоми гуногунанд. 88 дар сади сокинонаш пайравони дини ислом мебошанд ва ислом тавассути бозаргонони дарёнаварди мусалмон ба ин минтақа расидааст.
17-уми августи соли соли 1945 аз Ҳуланд истиқлол ёфт ва истиқлоли он дар 27-уми декабри соли 1949 ба расмият шинохта шуд.
Номи Индонезия аз вожаи лотинии Indus ва юнонии nesos ба маънои ҷазира омадааст.
Номи имрӯзаи он ба қарди 18 милодӣ дар ҳоле, ки Индонезия дар ҳоли ташкили як кишвари мустақил буд, бозмегардад.
Фаёз Умаров,
Сардори шуъбаи Робитаҳои байналмилалӣ