Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Украина дар Тоҷикистон. Ифтитоҳи “Гӯшаи китоби Украина”
Нашр шуд 2020-03-13 17:24
Дар доираи масъалаҳои мавриди суҳбат миёни Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ “Гӯшаи китоби Украина” ифтитоҳ шуд. Акнун шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.
13 марти 2020 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Украина дар соҳаҳои китобу китобдорӣ, табодули таҷрибаи кормандони китобхонаҳои ҳарду кишвар, фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуда, ҷиҳати амалисозии ин гуфтаҳо ба тасвиб расонидани санади ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии ду кишвар иқдоми хубе арзёбӣ карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот бо иштироки Раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма “Гӯшаи китоби Украина” расман дар толори шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Бо ифтитоҳи ин Гӯшаи китоби Украинӣ шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.
Гуфтанист, ки дар айни замон 21 кишвари олам дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китоби худро таъсис кардаанд, ки ҳамарӯза хонандагони зиёде аз он баҳра мебардоранд.