Рўзҳои 20 ва 22-уми моҳи ҷорӣ дар идомаи силсиламулоқотҳо барои даъвати хонандагон ба Китобхона, кормандони шуъбаҳои хизматрасонии библиографӣ автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳоии 72, 74, 75, 76, 77, 78-и шаҳри Душанбе рафтанд.
Дар ин дидору мулоқотҳо асосан хонандагони синфҳои болоӣ ҳузур ёфтанд.
Дар рафти суҳбат бо донишҷўён ва хонандагон кормандони китобхона оид ба неруи бузурги китоб ва таъсири он ба донишу завқу салиқаи хонанда суҳбатҳо карданд.
Ҳамчунин гуфтанд, ки Китобхонаи миллӣ аз чӣ имкониятҳои хубе бархӯрдор аст ва дар он аз бачаҳои синни томактабӣ то донишҷӯёну, профессору академикҳо китоб мехонанд ва савияи донишашонро боло мебаранд.
Тақсими варақаи таблиғотӣ ба ин вохӯриҳо ҳусни анҷом бахшид.