Китобу китобхона
Нашр шуд 2016-12-29 18:49
Бузургтарин ганҷина, таърих ва хазинаи тиллои ҳар як миллату қавм ва давлат дар китобхонаи он маҳфуз аст. Имрўз хазинаи Китобхонаи милли Тоҷикистон ғанитарин боргоҳи маърифат дар кишвар маҳсуб мешавад. Бо ворид гардидан ба хазинаи китобхона вуҷуди касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Чиқадар адабётҳои гуногун ва хонданибоб, намедонӣ кадом китобро ба даст бигириву аз куҷо мутолиаи онро оғоз намоӣ. Имрўз нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрўза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад.
Пешрафти инсоният аз китобу китобхонаҳо, ҷамъият аз китобу китобхонаҳо нашъунамо меёбад. Китобхона сарманзили умеди ҳамаи одамони пешқадами Сайёра мебошад.
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Точикистон маҳзани маданияти миллии тоҷик, рукни беназири фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеъаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад.
Аҳсан ба онҳое, ки то ба имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо чунин теъдоди китоб ба наслҳои оянда ва фардои кишвар нигоҳдорӣ ва ҳифз менамоянд. Барои хонандаи имрўза дар китобхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Толори барҳавою ҷои нишасти зиёд, хизматрасонии намунавӣ ва муомилаи хуби кормандони китобхона касро метавонад шод кунад.
Имрўз бештари талабу дархости хонандагон ба хониши адабиёти фаннӣ тааллуқ дорад ва теъдоди зиёди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро донишҷўён ташкил медиҳанд. Аз ҷониби онҳо бештар мавод доир ба таърих, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ, риёзӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, тиб, фарҳангшиносӣ ва дигар соҳаҳои илм дархост шуда, мавриди мутолиа қарор мегирад.
Шариф Наботов,
мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ