Дуруст фаҳмидан ва ба умқи ин дастоварди таърихӣ (Истиқлолият) рафтан аз шахс, пеш аз ҳама имони комил талаб мекунад. Инсони комил як умр пайи озодии хеш ҷадал мекунд, ки зиндагии озоду мустақил дошта бошад, то ки дар партави озодӣ фаъолият намуда, истеъдоди хешро баҳри миллату давлати хеш сарф созад. Халқи тоҷик пас аз пош хӯрдани давлати Шўравӣ мустақиллияти комилро ба даст овард, ки ин озодиро таърих ёд надошт ва миллати тоҷик ба кулли ихтиёрманд шуд.
Накўтарин дастовард барои миллат, халқ, давлат ин озодии комил мебошад, ки миллати тоҷик баъди ин қадар шиканҷаҳои таърихӣ ба ин бахт сазовор ва шарафманд гашт.
Тўли ин 25 сол миллати тоҷик ба дастовардҳои хуб ноил гашт. Барои ба даст овардани ин неъмати басо арзишманд, ба хусус ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад, ки имрўз дар лавҳи хотири ҳар як пиру ҷавон дарҷ ёфтааст. Таърих ва халқ он рўзҳои вазнинро фаромӯш накардааст, он рўзҳоеро, ки миллати тоҷик ба гуруҳҳо тақсим шуда буд, он рўзҳое, ки модари тоҷик барои як бурда ризқи фарзанд, аз субҳ то шом дари мағоза навбат мепоид.
Истиқлолият шукўҳ овард, ҳисси баланди эҳтиром ва ҷасоратӣ зиндаги карданро ба мардум ҳадя сохт. Арзишмантарин дастовард, бешубҳа, барқарор намудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ буд. Халқи тоҷик маҳз ба шарофати хираду заковати аҷдодӣ ва ақли солим сиёсати сулҳҷўёнаи Президентро дастгирӣ намуд. Сулҳу салоҳ, ваҳдату созандагӣ ва меҳнати бунёдкорона дар сарзамини тоҷикон аз нав пойдор гардид.
Ана ҳамин боварӣ ва заҳматҳои башардўстонаи ҳар як фарди бо нангу номус, имрўз ҳосили хуб ба бор овард. Тоҷикистони азизро гул-гулшукуфон сохт, миллаташро дар ҷаҳон волонишин кард.
Дар тўли бисту панҷ соли истиқлолият давлати тоҷикон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пазируфта шуд.
Ба кулли миллати шарафманди тоҷик дар остонаи ин ҷашни бағоят арзишманди миллӣ, муваффақияту пешравӣ, волоияти қонуну адолат баҳри нашъунамои Ватану халқи азизамон орзў менамоям.
Абдуғаюр Саломов
Мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ