“Нақши дастхатҳои форсу тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ»

Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки баъди зуҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон, устодони донишгоҳҳои кишвар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳии худ дастхатҳоро бузургтарин сармояи фарҳангии кишвар унвон кард ва гуфт садҳо номгӯ дастнавиштаи форсӣ, ки аз асрҳои гуногун расидаву тавассути инсонҳои ғамхор гирдоварӣ шудаанд, имрӯз хазинаи тиллоии Китобхонаи миллиро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамоиш Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраӣек Назрӣ дар мавзуъи «Бӯстон-ул-орифин»-и Абӯлайси Самарқандӣ-қадимитарин дастхати мероси хаттӣ», профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаҳҳори Расулиён дар мавзуъи «Нусхаҳои форсии таърихӣ дар ганҷинаҳои Ҳиндустон», профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бадриддин Мақсудов оид ба «Нусхаҳои дастнависи форсии Китобхонаи марказии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода» суханронӣ карданд.

Дар поёнии нишаст миёни ширкаткунандагон роҷеъ ба маърӯзаҳо ва умуман сарнавишти нусхаҳои қаламӣ табодули афкор сурат гирифт.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки роҳандозии ин гуна ҳамоишу нишастҳо ба нафъи илм ва китоб аст.

Барчаспҳо: