“Роғун”-ро ширкати итолёвӣ хоҳад сохт

Ахиран Ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило» - “Salini Impregilо”- и Италия барандаи озмуни байналмилалӣ барои сохтмони НБО «Роғун» гардид ва маросими ба тасвиб расонидани Созишномаи ҳамкорӣ байни нерӯгоҳи «Роғун» ва Ширкати ёдшуда якуми июли соли 2016 баргузор гардид.
Мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини низ дар ҳамин рўз сурат гирифта, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.
Дафтари матбуоти сардори давлат иттилоъ дод, ки аз рӯи баҳодиҳиҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст.
Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило» ин ширкати сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардидааст. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида, ба ҷалби ин ширкати бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар робита ба сохта ба истифода додани ин нерўгоҳи азими аср ҳукумати кишвар ҳамасола талош меварзад, то ки сохтмони онро ба анҷом расонад. Ва барои сохтмони ин нерўгоҳ харҷи зиёд ҳам намудааст.
Хотиррасон бояд кард, ки тибқи иттилои АМИТ «Ховар» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2008-2014 барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкории судманд дошта, дар ин давра бо дастгирии ин Бонк баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби ширкатҳову коршиносони байналмилалии Фаронса, Италия, Британияи Кабир, Швейтсария ва дигар давлатҳо ба таври шаффоф ва воқеъбинона анҷом дода шуданд. Ва чуноне ишора рафт, аз рӯи натиҷаи ин баҳогузориҳо сохтмони нерӯгоҳи номбурда аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ гардидааст.
Дар ҳамин асос эълон оид ба гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО «Роғун» мутобиқи 4 Лот дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои соҳавӣ дар даҳаи сеюми моҳи феврали соли 2015 ба нашр расид ва 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои иштирок дар сохтмони иншооти НБО “Роғун” изҳор намуданд. Ва дунболи раду бадалҳо ахиран ғолиби тендер ширкати итолиёвии «Салини Импреҷило»  дониста шуд.
Масъулони ин ширкат ваъда додаанд, ки то соли 2018 ду агрегати нерўгоҳ ба истифода дода мешавад. Ин ҳам як паёмади бузурге дар таърихи мардуми тоҷик аст, ки ба дунболи он имкони ба истифода додани дигар агрегатҳои он мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз аввали сохтмон, яъне аз соли 2007 то нимсолаи аввали соли 2015 барои  ин неругоҳ 6 миллиарду 435 млн сомонӣ сарф шудааст.
Барои сохтмони НОБ-и Роғун маблағ асосан аз ҳисоби буҷаи давлат ва пули саҳмияҳое, ки аз ҷониби мардуми тоҷик харидорӣ шуда буд, ҷудо карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия то ҳол саҳмияҳои Роғун бо маблағи 859 млн сомонӣ аз тарафи аҳолии кишвар харидорӣ шуд, ки он маблағҳо асосан дар бонкҳо ҷамъоварӣ шуда ва ҳудуди 60 млн сомонӣ масраф гардидааст ва боқимонда маблағҳо дар суратҳисоби Вазорат маҳфуз аст.
Аснои мусоҳиба дар рў ба рў бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва оби ҷумҳурӣ зикр карда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон НОБ-и Роғунро дар соли меомада тасмим дорад ба истифода диҳад.
Ў гуфта буд, ки «Феълан ҷиҳати ба истифода додани ду агрегати нерӯгоҳ масолеҳи сохтмонӣ вуҷуд додад, ки қисме аз ин масолеҳ дар Тоҷикистон аз замони Шуравӣ боқӣ монда ва қисми дигари масолеҳ аз самти ширкатҳои сохтмонии кишвари Ураина ба кишвар оварда шудааст.»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз оғоз талоши худро ба харҷ дод, то ҳар чи зудтар ин нерўгоҳи бузурги минтақа сохта ва ба истифода дода шавад.
Президенти кишвар дар як суҳбати худ таъкид дошт: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки нерӯгоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Пешвои миллат, ҳамчунин изҳор дошт, ки: «нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад».

  Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷаи кишвар ҳам аз минбари Созмони миллали муттаҳид изҳор дошт, ки ҳадафи сохтмони «Роғун» танҳо пайгирии манфиати худӣ буда, сохтмон иншоот ба кишварҳои ҳамсояи зиён намерасонад. Ў таъкид карда, ки мо ҷонибдори самимии ҳамкориҳои минтақавӣ ҳастем ва хоҳем монд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии тоҷикистон рўзи 8 июли аснои гузоридани намози ҷумъа  таъкид кард, ки сохтмони ин нерўгоҳ садақаи ҷория ба шумор рафта, дар муддат истифода намудан аз ин нерўгоҳи азим барои афроде, ки кўмаки худро расонидаанд, савоб бомудом мерасад.

Акнун умед аст, ки ин нерўгоҳ бо кўмаки Худованд ва таҳти назорати Президенти кишвар ва бо мусоидати ширкати итолиёвӣ ба анҷом расад. Чаро ки Ширкати «Салини Импреҷило» тибқи иттилои мавҷуда беш аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим, бунёди садд, нерўгоҳҳои барқӣ-обӣ, роҳи оҳан, нақбҳои зеризаминӣ, пулҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва ғайра машғул мебошад. Аз ҷумла, то ҳол бештар аз 250 садд дар ҷаҳон бунёд намуда, шумори коргаронашро ҳудуди 34 ҳазор нафар тахмин мезананд.

Ба ҳар сурат мо ҳамагон ба қадри имкони худ бояд талош варзем, то ин нерўгоҳ сохта ва ба истифода дода шавад, чаро ки дар сурати сохта ва ба истифода дода шудан имкон дорад бозори минтақаро бо маводи худ ҷалб созад. Пас дар ин сурат имконоти зиндагии хубтар мо мардуми пуршарафи тоҷикро интизор аст. 

 

 

 

 

Умед Пудинаев,
мутахассиси пешбари
Маркази Тоҷикшиносии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон