Дар маҳфили адабии “Равшандилон” навиштаҳои нави аъзои он баррасӣ шуд
Нашр шуд 2017-10-25 12:52
Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо таҳлили ҳикояи хуби аъзои маҳфил Ҳусейни Нурмуҳаммад шуруъ гардид. Муаллиф ҳикояи худро “Қадри нон” номидааст ва онро пурра дар маҳфил қироат кард. Тавре аз номаш пайдост, ҳикоя дар бораи нон ва заҳмати инсони донистани қадри он баҳс мекунад. Муаллиф кӯшидааст бо тасвири лаҳзаҳои хотирмон хонандаро водор кунад сари ин мафҳум андеша намояд.
Руҳафзо Абдурафзода низ ҳикоя қироат кард ва он “Модар” ном дошт. Дар атрофи ин ду ҳикоя ширкаткунандагон табодули афкор намуданд ва дар поён садри маҳфил Муҳаммадиқбол Атоӣ бо ибрози назари худ, баҳсро ҳам ҷамъбаст кард.
Сурайё Абдуллоева шеъре аз ашъори абарустод Лоиқ Шералӣ қироат намуд ва Хушбахт Одинаев шеъри нави худро хонд ва онро садри маҳфил шеърро таҳлил намуд.
Муҳаммадҷон Сайидалиев таронаҳои навашро хонд, Ҳасан Бахтиёрзода бошад шеъри худро бо номи “Тоҷикистон” қироат намуд ва аз аъзои маҳфил ва садри маҳфил хоҳиш кард андешаҳояшро бигӯянд.
Маҳфил чун ҳамеша шавқовар гузашт. Дар хотима Муҳаммадиқбол Атоӣ, Раҷабалии Додихудо, Ҳайдаралӣ Аюбов ба навқаламон барои шеъру ҳикояву таронаҳояшон маслиҳатҳои муфид доданд.
“Рашандилон” маҳфили эҷодкорони Шуъбаи хизматрасонии махсус аст, ки моҳе як маротиба баргузор мешавад.
Ҳадафи он таҳлили ашъори тозаэҷоди аъзои маҳфил аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд аст.
Азиза Назарова,
Сармутахассиси Шуъбаи
хихматрасонии махсус