Нобиноён “Дар суҳбати адиб”
Аввалин маҳфили адабии Китобхонаи миллӣ бо номи “Дар суҳбати адиб” басо шавқовару хотирмон гузашт ва ширкаткунандагонаш бо як ҷаҳон таассурот аз он берун шуданд.
САТТОР ТУРСУН АВВАЛИН МЕҲМОНИ МАҲФИЛ
Китобхонаи миллӣ нобиноёнро ба маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” хонд ва зарфи бештар аз як соате, ки онҳо бо нависандаи шинохтаи кишвар Саттор Турсун буданд, шояд беҳтарин лаҳзаи ҳаёташон дар он рӯз, моҳ ва ҳатто сол донанд.
Дар рӯ ба рӯи онҳо шахсе қарор гирифт, ки асарҳояш писандида ва худи ӯ мавриди эҳтиром дар ҷомеа аст. Устод Саттор Турсун, ки даъвати Шуъбаи Хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллиро ба ҷон пазируфт, чанд лаҳзае бо нобиноён монд ва ин дидор шояд барои адиби маъруф ҳам муҳим буд, чун адибон маъмулан қаҳрамонони ояндаи асарҳои худро миёни омма меҷӯянд. Ва ин афроде, ки бо чашмони нобино ҷӯёӣ ҳоли адибу адабиёт шуда ва по ба остонаи ин мулоқот гузоштаанд, сарнавишти шуниданиву хонданӣ ҳам доранд.
Яке аз ин миён нобинои модарзод аст ва дигар ба иллате дар зиндагӣ нури чашмонашро аз даст додааст. Сюмӣ, ки солманду умрдида аст, бо гузашти солиёни дароз тадриҷан оҷиз шудаааст ва табибон ҳам дар илоҷи дардаш бечора мондаанд.
Миёни ин афрод касоне ҳам буданд, ки шояд аз зиндагӣ хеле дилмондаанд ва аз он ки дидаи бино надоранд ва одамонрову атрофро намебинанд, ранҷҳои руҳӣ мекашанд.
Касоне ҳам шояд буданд, ки ҳама мушкилоти равонии худро пинҳон медоранд ва танҳо ба хотири шодии яклаҳза, суҳбати мухтасар бо шахсияте, ки адабиёти муосири тоҷик ба номаш ифтихор дорад, по ба остонаи Китобхонаи миллӣ гузоштаанд.
“БО ҲАМ БОШЕМ, ЧУН ҲАМА УЗВИ ҲАМИН ҶОМЕА ҲАСТЕМ...”
Ва Гадобек Маҳмудов, Ҷонишини Директори Китобхона ҳам хеле бамаврид изҳор дошт, ки “ин чорабинӣ танҳо як даричаест, ки меҳмонони мо аз он метавонанд як дунёи дигарро тасаввур кунанд. Ҳадафи ин гуна нишастҳо бо ҳам будан аст, ҳамдигарро шунидан, бо ҳам роз гуфтан аст. То эҳсоси бегонагӣ аз миён равад, чун мо ҳама хоҳ дидаи бино дорем ва ҳоҳ надорем, хоҳ маҷруҳему хоҳ солим, узви ҳамин ҷомеа ҳастем. Миёни мо дар ҳақу ҳуқуқи башарӣ фарқе нест, чун ҳама башарем”.
Касоне, ки ҷамъ омада буданд, фаъолтарин хонандагони китобхона буданд. Онҳое, ки ҳамеша меоянд ва дар гӯшае биншаста ё китобҳои брайлӣ аз хазина мехонанд ва ё аз тариқи компютерҳои Шуъба повесту романҳои савти гӯш мекунанд, шеър мешунаванд ва барои худ ғизои маънавӣ мегиранд.
Нависандаи маъруф тавонист як маҳфили ёдмонеро созмон диҳад. Вай бо ҳама дар муколама шуд, онҳоро шунид, ба суолоташон посух дод. Миёни ин афрод буданд касоне, ки эҷод мекарданд ва порае аз навиштаҳои худро ҳам қироат карданд. Вале буданд нафароне, ки адибро суолборон карданд, ҳатто шиква ҳам карданд, ки наметавонанд китобҳои нависандаи шинохтаро бихонанд, чун нашри брайлии онҳо вуҷуд надорад.
Маврид ба ёдоварист, ки “Дар суҳбати адиб” маҳфили адабиест, ки ба тозагӣ таъсис шудааст ва кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтаанд моҳе як маротиба афроди имкониятҳояшон маҳдудро дар ин маҳфил гирди ҳам оранд ва ҳар бор адибе аз удабои шинохтаи кишвар бо онҳо суҳбат орояд.
РУҶУЪ БА ТОРИХ
Рӯзи ҷаҳонии нобиноён чун ҳама санаҳои муҳим торихи худро дорад. Мегӯянд соли 1784 омӯзгор Валентин Ҳаюӣ бе ягон кӯмаки мақомоти давлатӣ ё шахсони дигар ва ё созмону ташкилотҳои он замон дар хонаи худ аввалин мактаб барои нобиноёнро ифтитоҳ кард ва даст ба таълиму тадриси шогирдони нобино зад. Ин аввалин иқдоми башарӣ барои сарҷамъ кардани гуруҳе аз нобиноён ва ғамхорӣ ба хотири он ки онҳо ҳам мисли дигарон саводи кофӣ дошта бошанд. Аз сӯйи дигар Ҳаюӣ бо ин ташаббус хост таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мушкилоти як гуруҳе, ки шояд дигарон кӯчак медонанд, ҷалб созад.
Аввалин хонандаи ин мактаб писарбачае аз калисо бо исми Франсуа де Лезюер буд ва баъдан ҳамсолони дигари ӯ низ аз вай пайравӣ карданд ва ҷамъулҷамъ 11 нафар дар як синфхона гирди ҳам омаданд.
Ҳаюӣ аввалин касе буд, ки барои нобиноён алифбо ихтироъ кард ва ҳатто матбааи ин алифборо ҳам аз ҳисоби буҷаи худ сохт ва чандин китобро ҳам барои онҳо чоп кард.
Аввалин китобҳо барои нобиноён мутааллиқ ба Валентин Ҳаюӣ мебошанд. Ва то замоне, ки Луи Брайл алифбои худро сохт, ҳамагон аз хати Ҳаюӣ истифода мекарданд.
Валентин Ҳаюӣ дар замоне, ки зинда буд, соҳиби шуҳрат шуд. Ҳатто императори рус Александри I ба ӯ нома кард ва хост дар шаҳри Санк-Петербург-пойтахти онвақтаи Русия барои шахсони нобино ва афроде, ки қисман аз биноӣ маҳрум шудаанд, мактаби худро таъсис диҳад. Даъват пазируфта шуд ва Валентин Ҳаюӣ моҳи сентябри соли 1806 ба Санк-Петербург омад.
Вай аз миёни омӯзгорон ташаббускоронро пайдо кард, мактабро сохт ва замоне, ки мехост онро ифтитоҳ кунад ва толибилмонро даъват намояд, аз вазорати маорифи вақти Русияи подшоҳӣ посух гирифт: “Дар Русия бачаҳои нобино нестанд”.
Аммо Валентин дилозурда нашуд ва худ талош кард ин атфолро пайдо кунад. Барояш ин кор чандон душвор набуд ва ӯ аксари онҳоро аз мискинхонаи наздикии Смолний пайдо кард. Вай ҳатто омода буд ин тифлакони бекасро на танҳо савод омӯзад, балки аз ҳисоби худ барояшон ғизо диҳад.
Баъди чор соли даъват Император низомнома, теъдоди ҷойи корӣ ва буҷаи Институти коргарони нобиноро тасдиқ кард ва дар Русия инро аввалин мактаби расмии нобиноён меноманд.
Ҳаюӣ дар синни 72-солагӣ аз Русия ба ватанаш бармегардад ва қабл аз бозгашт шоҳи рус ӯро бо ордени Владимири муқаддас сарфароз мегардонад.
НОБИНОЁН ДАР ТОҶИКИСТОН
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои абадӣ гардонидани хотираи Валентин Ҳаюӣ рӯзи мавлуди ӯ – 13-уми ноябрро “Рӯзи умумиҷаҳонии нобиноён” эълон кард ва акнун ҳамасола ин дар сар то сари олам таҷлил мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон, ки аз соли 1937 амал мекунад, мегӯяд дар кишвар 9832 нафар чун маҷруҳони биноӣ сабти ном шудаанд. Дар миёни онҳо 3758 нафар занон, 1043 тан бачаҳо, 1527 нафар мардон ва 3504 нафар наврасон мебошанд.
Аммо касоне, ки нобиноанд, вале дар ҷойе сабт нашудаанд, низ хеле зиёданд ва ба ин омор дохил намешаванд. Ин аст, ки оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди нобиноёни кишварро бештар аз 40 ҳазор медонанд.