Ширинкорони «Маҳфилоро” дар маҳфили «Хандарез»

Меҳмони маҳфили “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус гуруҳи ҳаҷвнигорони “Маҳфилоро” Маҳмадсолеҳ Шарифов, Зафар Зарипов, Абдулло Шарипов ва Абдураҳим Набиев  буданд, ки баъди зуҳри имрӯз бо саҳнаҳо ва суҳбатҳои дилнишин хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки  «ин маҳфил маҳфили хушдилист ва ҳадаф аз он лаҳзаҳоеро бо ханда ба сар бурдан ва муддате аз гирудори зиндагӣ фориғ будан аст”.
Миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон баҳси гарме дар мавзуъҳои гуногун сурат гирифт ва албатта, чун анъана бештар дар бораи фаъолияти ин гуруҳ пурсиданд.
Посухҳо хеле хандадору зебо буданд ва аҳли толорро ба ваҷд меоварданд.
Суруду мусиқӣ низ чун анъанаи дерин бахше аз барномаи ин маҳфил буд. Аз ҷумла, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус мувофиқи талаби иштирокчиён сурудҳои тозаэҷодашро сароиданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чорумин маҳфили «Хандарез» буда, тибқи нақша моҳе як маротиба бо ширкати ҳаҷвнигорон ва гуруҳҳои ҳунарӣ доир мешавад.