Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон»
Нашр шуд 2015-12-23 15:24
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад, дуюмӣ ҳикояву тарона ва сеюмӣ дар сохтани чизе шавқ дорад.
Дар ҷараёни ин маҳфил чанд тан ба узвияти Китобхонаи миллӣ пайвастанд. Аз ҷумла, Султонов Рамшед, Каримов Сомон, Ҳамидов Тухтасун, Фарҳод Кодиров, Амонуллои Саидмухтор, Ализода Пирназар, ки донишҷўёни литсеи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе мебошанд, бори аввал дар маҳфил ҳузур ёфтанд ва баъди он ба аъзогии Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд.
“Равшандилон” маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти махсус гирди ҳам меорад. Онҳо дар ин маҳфил маҳсули эҷоди худро қироат мекунанд ва он миёни аъзои маҳфил баррасӣ мешавад. Ҳамчунин чистонгӯиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст.
Ин бор гардонандаи “Равшандилон” шоири маъруф Хайрандеш буд. Вай илова бар он ки шеъру таронаҳои ширкаткунандагонро мешунид, ҳамзамон нуқсҳои кӯчакашонро ислоҳ мекард.
Ин маҳфили ҳармоҳаи кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус аст, ки барои афроди дорои имкониятҳояшон маҳдуд ташкил крада шудааст. То минбаре бошад, ки эҷоди худро бихонанд ва аз устодону ҳамқаламонашон маслиҳату машварат дарёфт кунанд. Ба маънии дигар маҳфилест барои хушнудии хотири касоне, ки ба ҳар сабабеву иллате маъюбанд.