Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд
Нашр шуд 2020-02-28 12:55
Ҳашт нафар аъзои маҳфили “Равшандилон” ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Инҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ё дуюм дар ин маҳфил ширкат мекунанд. Эҷодкоранд ва ё мухлиси эҷодкорон, ки мехоҳанд аз суҳбатҳояшон ташнагии маънавӣ бишкананд. Ва дар маҳфили навбатӣ, ки рӯзе қабл таҳти раёсати шоири маъруф Хайрандеш баргузор шуд, ширкат карданд.
Маҳфил дар остонаи «Рўзи модар» баргузор шуд. Гардонандаи маҳфил устод Хайрандеш ҳамагонро ба муносибати «Рўзи модар» табрик намуда, бо таваҷҷуҳи хос шеърҳову таронаҳои аъзоёнро шунида, ба каму костиҳои он ишора намуда, нобаробариҳои вазнро дар шеъри онҳо ислоҳ намуд. Ҳамзамон дар бораи нақши вазну қофия дар шеър ва чаро он бояд бошад, хеле маълумоти муфассалу шуниданӣ дод.
Мафҳил чун ҳамеша аз равзанаҳои хос иборат буд:
Афрӯза-нақли китобҳои навхондашуда. Аъзои фаъоли маҳфил Ҳусейни Нурмуҳаммад китоби хондаи худ «Муаллими сахтгир»-и Баҳром Фирӯзро нақл карда, қаҳрамонони китобро ба ҳамагон шинос намуд.
Афроза- қироати шеъру рубоиҳои халқӣ. Дар ин равзана Хомисаи Айюбзод ғолиб гардид.
Равзанаҳои Афроза, Афшина, Афшона, Ангеза ва Андеша қироати шоҳбайту зарбулмасал, чистону ҳикоя, таронаву латифаҳои пурмазмун буд, ки хеле шавқовар гузашт.
Ҳусейни Нурмуҳаммад зодаи диёри зебоманзари Данғара буда, мактаби миёнаро дар деҳаи кўчаки худ хатм намудааст. Баъд аз он ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе омада, донишҷўи Донишгоҳи омўзгорӣ ба номи С.Айнӣ мегардад. Ва баъди хатми он ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, ба номи «Унвонҷў» сазовор мегардад. Ў ба маъюбии худ нигоҳ накарда, ҳамчун «Омўзгор» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба хонандагон дарси адаб меомўзад.
Шиори ӯ дар зиндагӣ «Бештар хондану омўхтан аст».