Охирин маҳфили “Равшандилон”: То моҳи сентябр Худо нигаҳбон!
Нашр шуд 2017-05-25 13:12
Ин бор маҳфили ҳармоҳаи “Равшандилон” бо маҳфили “Ҳамешабаҳор” муштарак гузашт. Шоири шинохта Хайрандеш, ки ин ду маҳфилро ҳамеша сарпарастиву роҳандозӣ мекунад, гуфт, ки ба ҳам оврадани ду маҳфил, ки рӯзашон мувофиқ омадаст, муҷиби пурмуҳтаво баргузор шудани он мешавад.
Аммо “Равшандилон” ин бор низ бо барномаи худ гузашт.
Дар равзанаи “Афрӯза”, ки бахши шеър, ҳикоя ва тарона аст, ду нафар шеърҳои нави худро қироат карданд ва аҳли нишаст атрофи онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.
Дар равзанаи “Афроза” чун анъанаи дерин ширкаткунандагонаш шоҳбайтхонӣ карданд. Барои шоҳбайти хеле ҷолибу пурмаънояш Оқилҷони Зиёдалиён мавриди таҳсин қарор гирифт ва дар “тахти заррин”-и рамзӣ нишаст.
Иштирокдорон дар равзанаи “Афшина” зарбулмасалу чистон гуфтанд. Дилрабо Турдиева бошад шеъре дар бораи модар қироат кард. Солиҳа Ғафурова бошад аз сурудаҳои охири худ шеъре хонд.
Равзанаи “Афшона” вижаи тезгӯяк, латифа аст ва як бахши шавқовари маҳфил ба шумор меравад.
Сайид Абдулвосит ва Оқилҷони Зиёдалиён латифа гуфтанд, Муҳиддин Розиқов шеър дар васфи модар қироат кард.
Ин охирин маҳфили “Равшандилон” то моҳи сентябри соли равон аст. Маъмулан дар тобистон, ки фасли ҳам таътил ва ҳам гарм аст, ин маҳфил мудате корашро қатъ мекунад ва аз моҳи сентябр дубора фаъол мешавад