Дӯстмурод Шарипов (мулаққаб ба Дон Жуан) ва Илҳом Шодиев (тахаллусаш Муганбо) муддати бештар аз як соат дар меҳмонии хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус буданд ва афроди дорои имкониятҳои маҳдудро бо ҳаҷву ҳазлҳои намакин хандонданд.
Ин мулоқот баъди зуҳри рӯзи 5-уми апрел доир шуд ва меҳмонони он Дӯстмурод Шарипов ва Илҳом Шодиев бо саҳнаҳои дилнишин атри хандаро дар фазои толори хониш барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд пош доданд.
Дар оғоз чун анъана ҳунармандон ҳар кадом дар бораи ҳаёт ва фаъолияти худ нақл карданд, оид ба қадамҳои аввалинашон ба ҷодаи санъат қисса карданд. Ва гуфтанд, ки чӣ омиле буда, ки онҳо ҳаҷвро василаи наздик шудан ба бинанда қарор диҳанд.
Меҳмонон дар бораи саҳнаҳои ҳаҷвӣ, интихоби мавзуъ, фазои эҷод ва ғайра ибрози назар намуданд.
Сипас, миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт. Хонандагони шуъба онҳоро саволборон карданд ва ба пурсишҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Аз ҷумла Сафаралӣ Тошев аз онҳо пурсид, ки оё замони ҷанги шаҳрвандиро ёд доранд? Дӯстмурод Шарипов посух дод, ки “оре, магар мешавад, ки онро фаромӯш кард? Ҳарчанд ман ҳамагӣ ҳафт сол доштам, вале ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорам. Он солҳои вазнину сангин барои мо мардуми тоҷик буд. Мардум барои як бурда нон зор буданду онро бо тарсу ҳарос мехўрданд. Чӣ қадар одамони бегуноҳ кушта шудаву чӣ қадар тифлакон ятим монда буданд. Худованд ҳеҷ гоҳ чунин рўзҳоро дигар бар сари ҳеҷ бандааш наорад. Мо бояд шукронаи ин сарзамин, шукронаи Истиқлолият намоем, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарамт Эмомалӣ Раҳмон кишвари ҷангзадаамонро ба давлати ободу озод табдил додаанд».
Маҳфил ҳамроҳ бо ҳазлу шӯхиҳои дилнишин ва шеъру таронахонӣ гузашт ва он хеле хотирмон буд.
Гуфтанист, ки “Хандарез” маҳфили ҳармоҳаи Шуъбаи хизматрасонии махсус буда, бо ширкати маъруфтарин гуруҳҳои ҳаҷвӣ ва ҳаҷвнигорони варзида мегузарад.
Фарзонаи МИРЗО