Дарси омӯзиши забони инглисӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар Шуъбаи хизматрасонии махсус аз сар гирифта шуд.
Дар айни замон дар он 10 нафар аз ҷумлаи фаъолтарин хонандагони шуъба омӯзиш мебинанд.
Омӯзиши забонҳо дар Шуъбаи хизматрасонии махсус ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе барои касоне роҳандозӣ мешавад, ки ятим, нимятим ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуданд.
Ин дарсҳо барои ин шахсон ройгонанд ва хоҳишмандон бо пешниҳоди асноди тасдиқкунандаи ятимӣ ва ё маъюбӣ метавонанд озодона дар он ширкат кунанд.
Дарсҳо ба иллати аз кор рафтани мураббӣ аз моҳи марти соли равон қатъ шуда буданд ва ҳоло бо кӯмаки созмони ҷамъиятии “Пешрафт” муаллими дигаре ба фаъолият шуруъ кард.