Дар маҳфили навбатии «Равшандилон» шеъри навқаламон таҳлил шуд
Нашр шуд 2017-09-27 11:51
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 15 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор гашт.
Шоири маъруф Хайрандеш, ки бо суханони ифтитоҳи маҳфилро кушод, эълон кард, ки анъанаи деринро идома медиҳем ва дар оғоз ба таҳлил эҷоди навқаламони маҳфил мепардозем.
Аъзоёни фаъоли маҳфил аз қабили Шодӣ Қурбонов, Солеҳа Ғафурова ва Раҳматуллои Раҳим шеърҳои тозаэҷоди хешро қироат намуданд.
Мудири маркази “Тоҷикшиносӣ” - и Китобхонаи миллии Тоҷикистон Алишери Муҳаммадӣ шеърҳои қироатнамудаи шоирони ҷавонро шунида, каму кости онҳоро нишон дод, аз мисраъҳои муваффақона истиқбол намуд. Алишери Муҳаммадӣ дар бораи интихоби мавзуъ барои шеъри хуб суҳбат кард ва гуфт беҳтарин мавзуъ барои ҳар шоир Ватан, Модар, Тоҷикистон, Ишқ, Зебоӣ, Дӯстӣ аст. Аксари шоирони маъруф қабл аз ҳама таронасаро ва мадҳисарои ватани хеш ва модари хешанд.
Баъдан, Ҳусейни Нурмуҳаммад ҳикояи ба тозагӣ эҷоднамудаашро хешро пешкаши ҳозирин намуд. Сафаралӣ Тошев ва Шодӣ Қурбонов шеърашонро дар қолаби оҳангҳои эҷодкардаи худ суруданд.
Бояд зикр намоем, ки “Равшандилон” маҳфилест, ки аҳли эҷодро аз миёни афроди дорои имконоти махсус гирди ҳам меорад. Онҳо дар ин маҳфил маҳсули эҷоди худро қироат мекунанд ва он миёни аъзои маҳфил баррасӣ мешавад. Ҳамчунин чистонгўиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст. Муддати се моҳи таътили тоистона маҳфил баргузор нагардид ва ин аввалин маҳфил баъди таътили тобистонист.