Чунин ном дошт чорабинии Шӯъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зӯҳри дирӯз, 3-уми июл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8-уми июл Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад ва чорабинии фарҳангии “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...” ба истиқболи ҳамин рӯз доир гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва бахусус Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ҳарф зад. Вай гуфт, Пешвои миллат худ ташаббускори чандин иқдомоти башардӯстона нисбати маъюбон ҳастанд ва ҳамасола барои беҳбуди шароити зисти ин афрод Ҳукумати мамлакат маблағҳои зиёд масраф мекунад.
Абдусалом Мирализода ҳамчунин иброз дошт, ки ҷомеаи мо шароитҳои мусоидеро барои таҳсили маъюбон фароҳам овардааст ва ҳамасола мактабҳои олии мамлакатро даҳҳо нафар аз зумраи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хатм мекунанд.
Дар идомаи суханони худ Абдусалом Мирализода дар бораи шароитҳои Китобхонаи миллӣ барои ин афрод нақл кард ва гуфт, ки илова ба толорҳои зиёди хониш, ки дарҳои онҳо барои ҳамагон бозанд, дар ошёнаи якум толори махсуси хониш дорад, ки дар он бештар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд китоб мутолиа менамоянд.
Прфессор Мирализода ҳамчунин иброз дошт, ки ин шӯъба маҳфилҳои зиёдеро барои маъюбон ташкил кардааст ва эҷодкорон аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд имкони ширкат дар маҳфили “Равшандилон” ва қироати навиштаҳои худ ва намоиши сохтаҳои худ доранд.
Дар ин чорабинӣ муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Салимов, Директори иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, Раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ш. Душанбе Фирӯз Ҳамроев, намояндаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳзода Абдусаттор ширкат ва суханронӣ карданд.
Роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев гуфт, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба иттилои номбурда, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Ба иттилои муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Салимов, то 1 июли соли равон дар қайди марказҳои саломатии шаҳрӣ 13 ҳазору 851 нафар маъюби таҳти назорат қарор дошта ба қайд гирифта шуда, аз онҳо маъюбони калонсол 11 ҳазору 162 нафар ва маъюбони то 18- сола 2 ҳазору 689 нафарро ташкил медиҳанд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буда, дар он сарояндаҳои хушовоз Баҳром Ғафурӣ, ҳунармандони ансамбли “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков ва Матлуба Раҳимова, аъзои шуъбаи хизматрасонии махсус, Заринаи Абдураҳим, Абдулазиз Ашуров ва Мавзунҷони Ғафурзод бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд. Инчунин дар ин чорабинӣ гурӯҳи овозадори “Лаҳзаҳои гуворо” як саҳнаи ҷолибу диданиро намоиш доданд.
Дар рафти чорабинӣ 70 нафар аъзоёни шуъбаи хизматрасонии махсус бо тӯҳфаҳои Вазорати корҳои дохила сарфароз гардиданд. Ҳамзамон, Китобхонаи миллӣ ба 70 нафар аъзоёни фаъоли шуъба зиёфат орост.
Дар охир, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи миллии маъюбон, ташкилоти маъюбони шаҳри Душанбе бо номи “Имконият”, ташкилоти “Пешрафт”, Намояндагони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохила, гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ва “Пешоҳанг”, маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва ғайра бо сипоснома ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Фарзонаи МИРЗО