Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2019-07-09 10:16
Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ
Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон санаи 5- уми июли соли 2019, соати 14 00 дар толори “Ошёни Булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 9- ум) чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рўзи маъюбони Тоҷикистон (8-июл) таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдусалом Мирализода дар суханони ифтитоҳии худ гуфт, ки “8 - июл махсус тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Рӯзи маъюбон омадааст ва ба ин далел ҳамасола он бо шукуҳи ба худ хос таҷлил мешавад. Директори Китобхонаи миллӣ афзуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки маъюоб ва кулли афроди дорои имконияҳои маҳдуд ҳамеша дар ҳифзи қонунанд ва ба ғам хории ҳамешагии Ҳукумати кишвар фаро гирифта шудаанд.
Прoфессор Мирализода ҳамчунин иброз дошт, ки ин шӯъба маҳфилҳои зиёдеро барои маъюбон ташкил кардааст ва эҷодкорон аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд на танҳо имкони он доранд, ки иштирок кунандЮ балки аз фаъолони он бошад. Бахусус маҳфили “Равшандилон” гувоҳи он аст, ки эҷодкорон аз миёни ин афрод гирд мелянд ва сурудаҳои худ ва навиштаҳои хедро бо ҳам баҳс мекунанд.
Абдусалом Мирализода изҳор дошт, ки хоҳишмандон аз зумраи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ҳафтае ду маротиба дар Китобхонаи миллӣ ройгон дарси забони инглисӣ меомӯзанд.
Дар ин чорабини Фахриддин Юсуфзода - корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайём Амонов - намоянда аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фирӯз Ҳамроев - раиси ташкилоти ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш сарояндаи шинохта Шаҳзоди Даврон ва хонандагони шуъба Абдулазиз Ашуров , Мавзунҷони Ғафурзод, Зарина Абдураҳимова, Акбар Каримов, Муҳаммад Холов бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирикчиёни он аз тарафи Бунёди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи хайриявии “Лола” бо тухфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Моҳираи Раҷаб
Расмҳо аз Фирӯз Нураҳмадов