Назри Яздонӣ: Миллати тоҷик миллат нест, фаришта аст

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ гуфт  ман шабҳо меларзам, ки ин бемории ҳамагири даҳшатафкан ба кишвари мо наояд. Назри Яздонӣ, ки имрӯз дар маҳфили «Ганҷи сухан» шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳузури ҷамъе аз хонандагони фаъоли толори хониши ин шуъба суханронӣ мекард, шароитҳои ин боргоҳи маърифатро сутуд ва онро мувофиқ ба ҳама меъёрҳое донист, ки дар китобхонаҳои бузурги олам роиҷ аст.

Ин мулоқот субҳи имрӯз баргузор шуд ва Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро ифтитоҳ кард. Вай ба ҳозирон Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздониро шинос кард, дар бораи қадамҳои эҷодиёташ ҳарф зад. Ҷалолуддин Нурзода ҳамчунин гуфт, ки Шоири халқии Тоҷикистон муддати бештар аз 8 сол аст, ки дар Китобхонаи миллӣ кор мекунад ва пажӯҳишҳои зиёдеро анҷом додаву бо талошҳои вай китобҳо аз силсилаи “Тоҷнома” ба нашр расидаанд.

Зимни сузанронии худ Назри Яздонӣ гуфт: Дар бисёр китобхонаҳо нишаста китоб хондаам. Аз ҷумла дар китобхонаҳои шаҳри Маскав вақте китоб мехондам, ба худ мегуфтам оё рўзе мерасида бошад, ки дар ватани ман низ чунин китобхонаҳои бузургу боҳашамат фаъолият кунанд. Шукри Худованд бо шарофати Пешвои арҷманди миллат ин орзуи бузурги ман ҷомаи амал пўшид. Ба қадри ин неъмат бояд расид.

Вай ёдовар шуд, ки вақте хишти авали китобхонаро гузоштанд, ман аз кормандони телевизионҳо, ки маро ба мусоҳиба даъват мекарданд, хоҳиш мекардам дар манзараи сохтмони китобхона сўҳбатро сабт кунанд. Бовар кунед, аз замони оғози сохтмон кулли мусоҳибаҳои ман дар назди китобхонае, ки ҳоло ба итмом нарасида буд, сурат гирифтааст. Чархи фалакро бубинед, ман дар ин муассисаи муқаддас ба фаъолият пардохтам.

Дар идом аи суҳбат шоири шинохта иброз дошт, ки тӯли умрам миллатҳои зиёдро дидам. Миллати тоҷик миллат нест, фаришта аст. Ин миллат шариф аст, ин миллатро дўст бояд дошт, қадр бояд кард. Барои ин миллат шоиста бояд буд. Барои миллати мо зебоӣ, инсон будан муҳимтар аст.

Шоир ва нависанда Назри Яздонӣ аз ҷавоне, ки аз Ҳафткули Панҷакент барои вохўрӣ бо шоир ва нависандаи дўстдоштааш омадааст, ситоиш кард ва афзуд, ин хел миллатро чӣ хел дўст намедорӣ.

Шоири халқии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: Маъюб касе нест, ки ноқисии ҷисмӣ дорад, касест, ки рўх надорад, ҷигар надорад. Ҷорҷ Байрон бузургтарин шоири амрикоист, ки сабаб шуд ман забони инглисӣ омўхтам. Пойи ў ланг буд, аммо рўхи қавӣ дошт. Беҳтарин муштзан буд.

Назри Яздонӣ соли 1949 дар хонаводаи омӯзгор дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми донишгоҳ дар бахши таърихи фалсафаи Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохта, соли 1981 дар Алмаато дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорот ва танбеҳот» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шуда, дар ин вазифа то соли 1991 фаъолият будааст. Солҳои 1991-1999 мудирии шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои дин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Баъдан ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор омадааст.

Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба чоп расида, иддае аз онҳо ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, немисӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Аз забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, урду, украинӣ тарҷума мекунад. Шеърҳо, достонҳо, қиссаҳои алоҳидаи А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, В. Шекспир, Ҷ.Байрон, А. Ҷафрӣ, роману қиссаҳои ҷудогонаи Л. Каррол, З. Бистритская ва дигар адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро (дар ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонов) аз арабӣ ба русӣ гардондааст.

Аввалин шоири тоҷик аст, ки бевосита аз инглисӣ ба тоҷикӣ тарҷумонӣ кардааст. Тарҷумаи «Ишорот» ҳам дар таърихи тарҷумаи илмии тоҷик аввалин намунаи баргардони бевоситаи арабӣ-русист.

 Чандин баёзи манзуму мансур ва фолклорӣ таҳия ва тавзеҳ намудааст, ки ба забонҳои гуногун дар Киев, Минск, Таллин, Тошканд, Тифлис, Ҳаной, Прага, София ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чоп шудаанд.

Осори зиёди публитсистӣ дорад. Китоби эссеҳои фалсафиву адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба таҳқиқи тақдиру вижагиҳои ҳувийяти миллӣ ва фарҳанги имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст.

Дар сабти комили аудиоии «Шоҳнома» ширкат варзидааст.

Ба силсилаи ашъораш устодони суруди тоҷикӣ оҳанг бастаанду месароянд. Зиёда аз 30 сурудаш дар хазинаи тилоии Радиои тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Тадқиқоти илмӣ дар китоби «Фалсафаи Ибни Сино дар «Ишорат ва танбеҳот», мақолоти зиёдаш ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар Душанбе, Маскав, Тошканд ва Алмаато ба табъ расидаанд.

Бо ордени «Шараф» (2011) ва унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.