Эълони ғолибони мусобиқоти шоҳмот миёни маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

Аминҷон Аброров ва Шаҳроми Нуралӣ ду ғолиби аслии мусобиқоти шоҳмот миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд эълон шуданд. Ва Наврӯз Неъматов барандаи ҷойи сеюм гардид.

Ин мусобиқа субҳи рӯзи гузашта дар Китобхонаи милии Тоҷикистон оғоз шуда буд ва ширкаткунандагон барои дарёфти ҷойҳои муносиб сабқат карданд.

Фотима Ёқубова, мудири шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ гуфт, ки нн зинаи аввали чорабинист ва қарор аст аз соли оянда он ба бозии ҳамасола миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд табдил ёбад.

Ширкаткунандагони сабқат ҳамагӣ  аъзои клуби маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон буданд, ки аз ҷониби маркази шаҳрии маъюбони “ИМКОНИЯТ” сарпарастӣ мешаванд. Ҳамчунин миёни ин афрод касоне низ ҳузур доштанд, ки аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон эъзом шудаанд ва онҳо низ аз ҷумлаи маъюбонанд.

Созмондиҳандагонаш мегӯянд ҳадафи аслӣ рушди ин навъи варзиш миёни маъюбон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд аст аст.

 Созмондеҳандагони чорабинӣ созмони ҷамъиятии “Пешрафт”, Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ ва Федератсияи шоҳмоти кишвар мебошанд. 

Аминҷон Аброров, ки барандаи ҷойи аввал шуд, худ дар хонаводаи варзишкорон ба воя расидааст ва падараш яке аз шоҳмотбозони варзида маҳсуб мешавад. 

Ғолибон бо шоҳмот аз сангҳои мармари Бадахшон, мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи фахрӣ қадрдонӣ шуданд.