Шуъбаи хизматрасонии махсус зиёда аз сӣ номгӯ китоби чопи солҳои гуногунро дар мавзуъи Ваҳдати миллӣ ба намоиш гузошт.
Аз ҷумлаи ин китобҳо “Қаҳрамони ваҳдат” аст, ки намунаи офаридаҳои қаламкашону соҳибдилонро дар бар мегирд. Ин навиштаҳо аввал дар рӯзноми “Ҷумҳурият” рӯйи чоп дидаву баъдан дар шакли китоби алоҳида ба нашр расидаанд.
Китобномаи Ваҳдати миллӣ китоби дигари ин силсила аст. Дар ин китоб мураттибон талош кардаанд исми ҳар мақола, шеър, тарона, китоберо, ки дар мавзуъи Ваҳдат эҷод ва чоп шудааст, гирдоварӣ намоянд. Акнун касоне, ки мехоҳанд дар бораи Ваҳдати миллӣ донанд, метавонанд бо истифоад аз ин китобнома ҷой ва соли чопи мақола ё китобро пайдо ва мавриди мутолиа қарор диҳанд.
Китоби Султон Мирзошоҳ ва Шодон Ҳаниф бо номи “Меъмори Ваҳдат” аз корномаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ҳикоят мекунад. Ин китоб низ дар ин намоиш гузошта шудааст.
“Сиёсати давлатии президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон” аз ҷумлаи китобҳои дигари ин намоиш аст. Муаллифи китоб донишманди тоҷик Зафар Сайидзода мебошад, ки аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ҳикоят кардааст.
Ҳамчунин дар намоиш даҳ китоби Абдуфаттоҳ Шарифзода ва Сайидмурод Фаттоев дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992 то 2010, “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯ”, чанд китоби Пешвои миллт бо забони русӣ, китои “Путь ки миру и созиданию Президента Эмомали Рахмон» ва ғайра аз ҷумлаи китобҳое мебошанд, ки дар намоиши китоби Ваҳдати Шуъбаи хизматрасонии махсус метавон мутолиа кард.
Ёдовар мешавем, ки толори хониши ин шуъба дар ошёнаи якуми бино Китобхонаи миллӣ ҷойгир аст.