Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва “Пешрафт” ба маъюбон

Зиёда аз 60 нафар ширкаткунандагони як ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон соҳиби ифтихорномаҳои Китобхонаи миллӣ, созмони “Пешрафт” ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова шуданд.
Ин чорабинӣ баъди зуҳри имрӯз, 6-уми декабр дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус доир шуд ва ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон бахшида шуда буд.
Муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова ва Гадобек Маҳмудов аз номи роҳбарияти Китобхона ҳозиронро ба ин рӯз муборакбод карданд ва иброз доштанд, ки ин боргоҳи маърифат барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд шуъбаи вежаи хизматрасонӣ ва толори муҷаҳҳази хониш омода кардаст. Шуъба ҳоло бештар аз 500 нафар аъзои ҳамешагӣ дорад.
Дар ин толор афроди дорои имкониятҳои маҳдуд на танҳо китоб мехонанд, балки ҳар гуна чорабиниҳо ва маҳфилҳо доир мекунанд, маҳсули ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд, ашъори тозаэҷодашонро қироат мекунанд.
Директори Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” Матлуба Солеҳова дар бораи чорабиниҳои баргузоркардаи созмони худ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ ва созмонҳои маблағгузор ва шахсони инфиродӣ нақл кард ва гуфт, ки аксари касоне, ки дар охирин чорабинии ин созмон ширкат доштанд, филм тамошо карданд, бо ҳам таоми шом хӯрданд, аъзои Китобхонаи миллӣ буданд.
Аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Заринаи Абдураҳим, Мавзунҷони Ғафурзод бо шеъру сурудҳои тозаэҷодашон хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар поёни нишаст аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи ҷаҳонии маъюбон ба хонандагони беҳтарини шуъба ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова ба аъзоёни фаъоли шуъба ва ширкаткунандагони ин маҳфили хотирмон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.