«Айни шумо ҳастем, фақат каме қавитар». Арзи сипоси як хонанда ба роҳбарият ва кормнадони Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-10-24 18:15
Содда, мисли як вожа, мисли як нигоҳи бетафовути кудакӣ, ки бефикр баёнаш мекунем ва дущвортар аз он рў, ки наметавонем ба дарки комили он наздик шавем; маьюбӣ ё маълулӣ, нобиноӣ ё ношунавоӣ ва дигар...
Мафҳуми маъюбӣ, ё маълулӣ ҳам шакли дигари будан дар иҷтимоъ аст. Бештари ин нафарҳо дар ҷомеа талош мекунанд тафовутии хешро инкор кунанд. Аслан вожаи маъюб ё маълул, ки дар худ бори зиддиарзишӣ ва зиддифарҳангӣ дорад, на бояд ба шахсони имконияташон маҳдуд корбаст шавад, чунки ба истилоҳи банда ин қишри ҷомеаро бояд ҳамчун унвони тавонмандон ном бурд. Яъне, убур кардан аз қулллаи изтиробҳо ва худро як шахси фаъоли ҷомеа донистан ва барои соҳибмаърифатию донишмандӣ ва ҳунаромўзӣ талош варзидан ин худ як нишонаи иродатмандӣ ва тавоно будани ин афродро талқин мекунад.
Имрўз, ки ба ҳамагон маълум аст бо шарофатии низоми босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкимёбии идеалогияи ваҳдати миллӣ имконоти васеъро алалхусус барои ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд, ки ин ҳам бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор дорад, боиси пешрафт ва инкишофи зеҳнию ақлӣ ва инчунин ҷисмии ин қишри иҷтимоъ гардидааст. Махусусан дар Китобхонаи миллии ҶТ Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки роҳбарии онро шахси бисёр донишманду тавозуъпеша ва эҷодкор Орумбекова Мавзуна Шамсиддиновна ба уҳда дорад, барои дастгирии маънавии щахсони имконияташон маҳдуд ҳамавақт чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро роҳандозӣ мекунад, ки ин далолат аз он дорад, ки мавсуф сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро сармашқи кори худ медонад.
Дар шуъбаи мазкур якчанд барнома ва маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ ба мисли «Дар суҳбати адиб», «Равшандилон», «Хандарез» «Зиндагӣ бидуни маҳдудият» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки адибон ва ҳунармандони соҳаҳои мухталиф баргузор мегардад, ки дунёи рангини тахаюлоти шахсони имконияташон маҳдудро барои будан ва зистан кумак мекунад, алалхусус танҳогиро дар худ эҳсос намекунанд.
Банда, ки яке аз хонандаи фаъоли ин Шуъба мебошам, аввалан ба Роҳбарияти Китобхонаи миллии ҶТ, инсони донишманду оқилу фарзона муҳтарам Мирализода Абдусалом ва ҳамчунин ба сардори Шуъбаи хизматрасонии махсус муҳтарам Орумбекова Мавзуна ва ҳайати кормандоне, ки дар ин шуъба ба шахсони имконияташон маҳдуд хизматрасонӣ мекунанд бо як ҷаҳон ихлосмандӣ самимияти беандозаро аз номи худам ва аз номи хонандагони ин шуъбаи мазкур мерасонам.
Ба қавли устод Лоҳутӣ;
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
Имрўз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!
Абдулазиз Ашуров,
маъюби гурўҳи 2-ум, хонандаи доимии
Шуъбаи хизматрасонии махсус