Маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” бо ширкати сарояндаи маҳбуб ва донандаи хуби таронаҳои классикиву халқӣ, устоди Донишкадаи санъат Лола Азизова баргузор шуд. Лола Азизова аз зумраи маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аст, ки бо таронаҳои марғубаш шумори мухлисонашро ҳамвора афзун кардааст.
Салима Раҷабова - муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ иброз дошт, ки интихоби Лола Азизова чун маҳфилорои “Ганҷи сухан” бесабаб набуд. Чун Лола аз донандагони хуби мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик аст ва бидуни шак гуфтаниҳо барои мухлисонаш дорад.
Ҳунарпешаи маҳбуб низ зимни суханронӣ ба нақши таронаву савту суруд дар рӯзгори мардум ибрози назар намуд. Ҳамчунин ба суолҳои ширкаткунандагон дар мавриди аввалин таронаҳояш посух дод.
Лола Азизова 23 феврали соли 1963 дар рустои Зарафшон, ноҳияи Ҷаббор Расулов (пешина Пролетар) дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 12 деҳаро хатм намуда, соли 1979 ба омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз дохил шудааст.
Соли 1982 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Соли 1983 ба ансамбли “Дуторчидухтарон” шомил шудааст.
Баъди хатми Донишкада фаъолияти кории худро дар ансамбли Шашмақоми Кумитаи давлатии радио ва телевизион идома додааст.
Аз соли 1989 ба ансамбли “Дарё” ба кор гузаштааст.
Соли 1997 унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” ва соли 2009 “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”-ро соҳиб шудааст.
Аз соли 2013 дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба шогирдон дарси мусиқии ниёгон меомӯзад.
Оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.