Маҳфили солинавии “Равшандилон”

Дар охирин рӯзҳои моҳи декабри соли 2017, ки остонаи Соли нав аст, охирин маҳфили “Равшандилон”-и сол бо ширкати аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус баргузор шуд.

Дар ин маҳфил, ки солинавӣ ҳам унвон мешуд, ширкаткунандагон бештар ашъори солинавии худро қироат карданд ва онро миёни худ ба баррасӣ гузоштанд.

Аз ҷумла, Оқилҷони Зиёдалиён, Заринаи Абдураҳим, Раҳматуллои Раҳим зимни табрики ширкаткунадагон ба фарорасии Соли нав шеърҳои нави худро қироат карданд.

Зарина ҳамчунин тарона ҳам суруд, Абдулазиз бошад шеъреро, ки худ ба оҳанг даровардааст, замзам а кард.  Дигарон ба ҳавои таронаҳои Заринаву Абдулазиз рақсиданду шодӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки “Равшандилон” маҳфилест, ки тӯли шаш соли охир баргузор мешавад ва дар он асосан афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат мекунанд, ашъори тозаэҷоди худро мехонанд, ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Баҳсу баррасиҳо бо ширкати шоирону нависандагон ва фозилон шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро ба ҳаёту ба эҷод бештар дилгарм мекунад. 

Мавзуна Орумбекова, сардори Шуъбаи хизматрасонии махсус дар поёни маҳфил ҳамаи ширкаткунандагонро ба фарорасии Соли нави 2018 муборакбод кард ва ба онҳо тансиҳативу умри дароз ва дар корҳои эҷодиашон комёбиҳо таманно намуд.

Азиза Назарова,
сармутахассиси
шуъбаи хизматрасонии махсус