Баргузории маҳфили «Равшандилон» баъди таътили чандмоҳа
Нашр шуд 2020-10-05 11:40
Баъд аз танаффуси тўлоние, ки ба ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 иртибот дошт, маҳфили “Равшандилон” баргузор шуд. Ин маҳфил, ки пештар ҳар моҳ доир мешуд, баъди эълони пандемияи коронавирус мутаваққиф шуд ва ширкаткунандагони он муддати тӯлонӣ дигар дидору мулоқот бо ҳам надоштанд. Имкони баррасии ашъори тозаэҷодашон набуд. Ва ҳоло баъди ба ҳоли одӣ даромадани вазъ ин маҳфил баргузор шуд.
Баъди сухани ифтитоҳии садри маҳфил Оқилҷони Зиёдалиён Хомисаи Аюбзод гуфт, ки дар ин моҳҳои дурӣ аз маҳфили “Равшандилон” вай аз тарафи созмони «Иштирок» курси онлайнӣ хонда, дар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ»-дар номинатсияи шоирӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баромад кард ва сазовори ҷойи дуюм ва диплом гардид.
Инчунин дар осоишгоҳи «Баҳористон» дар семинар, дар мавзўи «Саломатии репродуктивӣ» иштирок карда, соҳиби сертификат шуд. Ҳоло бошад китоби дуюми ў бо номи «Ман ва ҳайёт» омодаи чоп аст.
Аъзои дигар маҳфил Моҳишаъбони Ҷумъахон, Ҳусейни Нурмуҳаммад, Раҳматуллои Раҳим ва дигарон низ аз фаъолиятҳои шахсии худ дар ин моҳҳои дурӣ аз маҳфил нақл карданд.
А. Назарова