Ҳафтаи гузашта 1833 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд
Нашр шуд 2017-05-23 16:26
Зарфи як ҳафтаи охир шумори аъзои нави Китобхонаи миллӣ 1833 нафар афзуд. Аксари инҳо донишомӯзони донишгоҳу донишкадаҳо ва хонандагони мактабҳои миёна буданд.
Силсилавохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён, ки тибқи барномаи “Даъват ба Китобхона” сурат мегирад, як сабаби ҷалби бештари хонандагон ба Китобхона шудааст.
Тибқи ин барнома кормандони 28 шуъбаи Китобхонаи миллӣ вазифадор шудаанд, ки ба муассисаҳои таълимӣ раванд ва дар вохӯрӣ бо донишомӯзон онҳоро ба Китобхона даъват намоянд. Маъмулан дар ин вохӯриҳо сухан дар бораи шароитҳои мусоиди мутолиаи китоб дар Китобхонаи миллӣ, толорҳои хониш, бойгонӣ, гуруҳҳои омӯзиши забон ва ғайра меравад, ки таваҷҷуҳбарангез аст.
Барномаи “Даъват ба китобхона”, ки аз нимаи дуюми соли гузашта оғоз шуда буд, имсол ҳам то поёни сол давом мекунад. Шуъбаҳои Китобхона тибқи як нақшаи тасдиқшуда дар рӯзу соати муайян вориди муассисаҳои таълимӣ мешаванд ва дар бораи китобу китобхона суҳбатҳо мегузаронанд.