Шуъбаи хизматрасонии махсус хонандагонашро ба тамошои ройгони сирки Ӯзбекистон бурд

Понздаҳ тан аз ҷумлаи хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сирки Ӯзбекистонро дар бинои Сирки пойтахт ройгон тамошо карданд.

Хонандагони Шуъба аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ба роҳбарияти шуъба муроҷиат карданд, ки мехоҳанд сирки Ӯзбеситонро тамошо кунанд. Вазорати фарҳанги кишвар мусоидат кард ва ин афрод бештар аз ду соат вақти худро сарфи тамошои барномаҳои сирки кишвари ҳамсоя карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки як ҳайати беш аз 15-нафараи Сирки давлатии Ӯзбекистон охири соли гузашта бо барномаи ҷолиб ба Душанбе омад ва аввалин барномаи худро рӯзи 31-уми декабри соли 2017 пешкаши бинандагони пойтахти кишвар кард.

Муддати як моҳ меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд. Ин сафар дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.