Дар маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ширкат карданд.
Аксари онҳо касоне буданд, ки шеъру тарона ё ҳикоя менавиштанд, иддае ҳунармадӣ мекарданд ва завқ ба сохтани чизе доштанд.
Ва ин маҳфил ҳам барои ҳамин афрод аст, то оянд ва навиштаву сурудаҳои худро қироат кунанд, маслиҳат шунаванд, ислоҳ кунанд ва ё такмил диҳанд. Ҳамчунин чистонгӯиву байтбарак ҳам аз ҷумлаи барномаҳои ин маҳфил аст.
Ин бор ҳам чун пештар чанд тан, аз ҷумла Убайдов Исмоил, Одинаев Хушбахт, ки бори аввал ба маҳфил ҳузур ёфта буданд, узви Китобхона шуданд. Ва маҳфил ҳам аз ҳисоби ин афрод ғанӣ шуд, теъдоди ширкаткунандагонаш минбаъд хоҳад афзуд.
Садриддин Ҳасанзод шоир ва аъзои маҳфил мегӯяд: «Ин яке аз маҳфилҳое мебошад, ки қаламкашону навҷўёни роҳи адабиётро ба худ ҷалб кардааст. Мо меоем ва ҳар бор бо устодони сухан мулоқот мекунем, онҳо навиштаҳои моро мешунаванд ва арзёбӣ мекунанд. Ин бор устод Хайрандеш бо маслиҳату машваратҳои худ хотири моро шод карданд. Гумон мекунам эродҳои аҳли маҳфил барои пӯхтаву пурбор шудани сухани мо ёрӣ мерасонанд”.
Ба андешаи Убайдов Исмоил, аъзои нави маҳфилу шуъба, омўзгори ноҳияи Рўдакӣ ин маҳфил бояд ҳамеша бошад. «Ман намедонистам, ки чунин шуъба амал мекунад. Бо ташаббуси рафиқонам ба ин ҷо омада, аъзо шудам. Ва ҳоло хушҳолам, ки имрӯз дар ин маҳфил шеърҳои банда мавриди таҳлил қарор гирифтанд».
Чуноне ишора рафт, ин бор ҳам гардонандаи “Равшандилон” шоири маъруф Хайрандеш буд. Вай илова бар он ки шеъру таронаҳои ширкаткунандагонро мешунид, ҳамзамон нуқсҳои кӯчакашонро ислоҳ мекард.