Кароматуллоҳи Мирзо: Китоб ягона дӯстест, ки ҳамеша дастгири инсон аст

Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб”, ки бо ибтикори Шуъбаи хизматрасонии махсус моҳе як маротиба доир мешавад, ин бор бо ширкати Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ва ҳунарманди шинохта Муҳаммадҷон Шодиев баргузор шуд.
Як толори пур аз хонандагони ин шуъба аз ҷумла афроди дорои имконияҳои маҳдуд бо дили саршор аз меҳр вуруди адиби дӯстдоштаи худро интизорӣ мекашиданд. Дар миёни онҳо касоне буданд, ки суолҳои зиёд ба адиб доштанд, мехостанд дар бораи нақшаҳои нави эҷодӣ, офариниши асар, филномаҳое, ки аз рӯйи китобҳои ӯ навишта шудаанд, суол кунанд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимотӣ директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ намуд. Вай аввал меҳмонон ва аҳли толорро ба фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод кард. Дар бораи назму суботи пойдори кишвар ҳарф зад ва аз хизматҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо аз худ гузаштанҳо як мамлакати дар ҳоли ҷангро ба кишвари босубот табдил додааст, ёд намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ гуфт, ки  “ҳарчанд дар ВАО мегўянд истиқлолияти мо ба осонӣ ба даст омад, аммо гузашти таърих исбот намуд, ки истиқлолият  ба осонӣ ба даст намеояд. Даврони истиқлолият ба замоне рост омад, ки мо мардуми тоҷик раҳбар надоштем. Ҷанги бародаркуш ва оғози он пеш аз ҳама  аз  ҳамин сабаб ба амал омад. Он вақт як шахсияте набуд, ки моро роҳнамоӣ намуда, муттаҳид созад. Аз ҳамин вазъият душманони хориҷии мо истифода карда, кишвари моро ба ҷанги хуношоми бародаркуш тела доданд”.
Дар идомаи сўҳбат сарвари Китобхона дар бораи одатҳои миллӣ ва суннатҳои миллии сару либос  ҳарф зад ва гуфт, пӯшишҳои бегона чеҳраи зебои миллиро нозебо мекунанд, дар ҳоле ки миллати мо соҳиби либоси шинами миллии худ аст, ки асрҳо истифода мешуд.
 Кароматуллоҳи Мирзо низ сухани худро аз муборакбодии Соли нав оғоз кард ва ба ҳозирин хушбахтиҳо ва саломатӣ орзу намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ба ҳозирин рӯ овард ва гуфт, ки насли имрӯз бояд аз ин суботу ин осудагӣ истифода барад ва  шукронаи ин сарзамини биҳиштосо намояд. “Зеро имрўз  кишварҳоеро, ки замоне пуриқтидор буданд,  дида истодаем, ки дар кадом ҳол гирифторанд”,- гуфт нависандаи маъруф.
Баъдан, аз ҷавонон хоҳиш кард, ки  барои бозичаи дасти душманон нашудан бояд аз илм, аз китоб самаранок истифода баранд. Зеро китоб ягона дӯсте аст, ки инсонро дар ҳама ҳолат ёрӣ мекунад.
Кароматуллоҳи Мирзо аз он изҳори хушӣ кард, ки роҳбарияти Китобхона афродеро ҳам фаромӯш накардааст, ки имконоташон маҳдуд аст, ғамхорӣ барои ин афрод хеле муҳим аст. “Азбаски шумо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа маҳсуб меёбед, барои шумо гўшаеро дар Китобхонаи бошукўҳ ҷудо намуданд, то дар мутолиа бошед, китобро дӯст доред”,- гуфт адиби шинохта.
   Ҳамчунин вай зикр кард, ки “мулоқот бо шумо бароям аз ҳама баландтару боарзиштар хоҳад буд”.  
Ҳунарманди варзидаи театр ва синамои кишвар Муҳаммадҷон Шодиев, ки дар филми “Дар орзуи падар” нақши асосиро бозидааст ва ин филми диданӣ аз рӯйи романи Кароматуллоҳи Мирзо наворбардорӣ шудааст, ба сўҳбат ҳамроҳ шуда, аз ҷумла гуфт: «Ман маъюбонро ба он хотир дўст медорам, ки гарчанде онҳо чашми бино надошта бошанд, аммо чашми дилашон боз аст. Гўшашон шояд нашудавад, лекин садои дилашон садои зеборо ба хубӣ эҳсос мекунад. Боз ҳастанд, нафароне ки бино ҳастанду солиманд,  аммо шояд мисли шумо ин ватанро, ин сарзаминро чунин дўст надоранд. Имрўз назди ман чунин инсонҳое нишастаанд, ки ман мехоҳам ҳар чӣ дар дил аст, ба онҳо гўям. Чунки онҳо маро ва ман онҳоро ба хубӣ дарк хоҳем кард”.
 Дар бахши пурсишҳо як нафар хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон  аз Муҳаммадҷон Шодиев суол кард: “Оё ба шумо душвор набуд, дар филми «Дар орзуи падар» нақш офаридан”?
Ростӣ, агар мо ба вақти намоиши филм нигарем, филми «Дар орзуи падар» солҳои 2003 ба навор гирифта шуда буд. Баъди ҷангу моҷараҳои худӣ дар фазои фарҳангӣ холигӣ пайдо шуда буд. Ва ин филм он солҳо рўи навор омад. Ва мардум эҳтиёҷ ба филмҳои хуб доштанд. Шояд барои ҳамин, аз ҳамон сол инҷониб маҳбубияташро аз даст надодааст. Ва боз гўем, аз он хотир ки устод ҷиҳатҳои реалистии ин асарро хуб тасвир намуда буданд. То имрўз рўзе нест, ки дар бораи ин филм аз касе сухани хубе нашунида бошам. Ин филмро ҳама дўст доштанд. Филми мазкур на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар шабакаҳои телевизионии Афғонистон борҳо низ ба намоиш дода мешуд”.
Шоири маъруф Назри Яздонӣ зимни суханронӣ  ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ даъват намуд.   
Дар охир, ба аз ҷониби раҳбарияти китобхона ва Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 50 нафар  аъзоёни фаъоли шуъба тўҳфаҳо супорида шуд.
  Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили «Дар суҳбати адиб» дар асоси дархости хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон моҳе як маротиба баргузор мегардад. Мулоқоти  қаблӣ бо адибони шинохта Саттор Турсун ва Гулрухсор Сафиева доир гардида буд.
     Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур намоиши китобҳои адиби пуровозаи тоҷик ташкил карда шуда буданд. Хонандагон бо оғози мулоқот бо китобҳое чун  «Дар орзуи падар», «Муки любви», «Ситораҳои паси абр», «Лолаҳои куҳсор», «Шабе дар кабудҷар», «Суруди муҳаббат», «Нишони зиндагӣ», «Дарди ишқ», «Маоши аввал», «Ситораи аввал», «Ситора иумед», «Ситораҳои пурҷило», «Ота орзусида», “Зиндагӣ  ҳам нафасе”, “Шухии беҷо”, “Набераи шаҳрӣ”, “Гӯшвора”, “Пири бераҳм”, “Қаҳрамон” ва “Хонаи бобо” ошно шуданд.

    Маълумотномиа мо: КАРОМАТУЛЛОҲИ  МИРЗО  21 январи соли 1941 дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рудакӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1963 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм намудааст.
Муаллифи

маҷмўаҳои повесту ҳикоя ва очеркҳои «Ситораи умед» (1980), «Маоши аввал» (1982), «Шанбе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Дар орзуи падар» (1987), «Суруди муҳаббат» (1988), «Ситораи Дилшод» (1986) мебошад. Кароматулло Мирзоев дар ҳикояҳои «Қадри модар», «Вохўрӣ», «Айб аз худатон, додар», «Мо қарздор», «Одамшинос», «Аз мо савғо», «Деҳаро хоб мебинам» ва ғайра ашхоси беирода, худхоҳу манфиатҷўй, шўҳратпараст, ҳанноту фиребгарро сахт маҳкум менамояд.
Дар ҳикояҳои «Сабақ», «Қадамгоҳи ёд», «Бахти зан» захми забони мардум ҳамчун қувваи бадӣ тасвир ёфтааст.
Аксар ҳикояву повестҳои Кароматуллоҳи Мирзо аз ҷумла  маҷмўаи повесту ҳикояҳои  ў «Муки любви» (1989) ба забони русӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ҳикояҳои ҷудогонааш ба забонҳои халқҳои СССР ба табъ расидаанд.